Узбакистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 160 ҳазор доллар кумаки башардӯстона расонд

Узбакистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 160 ҳазор доллар кумаки башардӯстона расонд
Узбакистон дар ду моҳи соли равон ба панҷгонаи кишварҳое дохил шудааст, ки ба Тоҷикистон кумакҳои башардустона мерасонад

Дар ду моҳи соли равон Узбакистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 160 ҳазор доллар кумаки башардӯстона роснидааст, иттилои додааст хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба Ожонсии омори Тоҷикистон.  

Бино бар иттилои манбаъ, дар ҳаҷми умумии кумакҳое, ки ба Тоҷикистон расонида шудааст ҳиссаи Узбакистон 1,2 дарсадро ташкил додааст.

Ҳамагӣ ба Тоҷикистон дар ин давра ба маблағи 13 миллиону 430 ҳазор доллар кумаки башардӯстона расонида шудааст.

Бештар аз ҳама ба Тоҷикистон Русия (18,2 дарсад аз ҳаҷми умумӣ), Чин (3,6 дарсад), Ҳиндустон (1,7 дарсад), АМА (1,6 дарсад) кумаки башардӯстона мерасонанд.

Дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон дар моҳи январ-феврал соли равон 34 кишвари дунё кумаки башардустона расонданд.

Теъдоди кишварҳои донор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба як донор коҳиш ёфтааст, аммо ҳаҷми кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон ба 2,7 миллион доллар афзоиш ёфтааст.  

Комментарии (0)

Оставить комментарий