Гузоришҳо аз убури 100 сарбози афғон ба хоки Туркманистон дар пайи ҳамлаи Толибон

Гузоришҳо аз убури 100 сарбози афғон ба хоки Туркманистон дар пайи ҳамлаи Толибон
Мақомоти вилояти Бодғиси Афғонистон мегӯянд, ки Туркманистон ба ҳудуди 100 тан аз сарбозони нерӯҳои марзбонии Афғонистон иҷозат додааст, ки вориди ин кишвар шаванд. Ин мақомот гузоришҳо дар мавриди асир шудани 150 сарбоз дар ноҳияи Боломурғоби ин вилоят ба дасти Толибонро таъйид накарданд.

Рӯзномаи "Ню-Йорк Таймз" рӯзи якшанбеи 17-уми март бо такя ба бархе манбаъҳо гузориш дод, ки ин бештарин шумораи сарбозони давлатӣ аст, ки дар як ҳодиса дар Афғонистон ба дасти ҷангиёни гурӯҳҳои мухолиф асир мешаванд. Рӯзнома гузориш додааст, ин сарбозон, ки ба Туркманистон убур карда буданд, аз сӯи нерӯҳои ин кишвар дубора ба Афғонистон ронда шуданд ва ба дасти Толибон асир гардиданд.

Дар вазорати дифои Афғонистон дар робита ба таҳаввулоти ахир ва вазъ дар Боломурғоб ба посухҳои Радиои Озодӣ посух надоданд.

Ин рӯзнома менависад, ки шумораи ҳамаи сарбозоне, ки дар минтақаи Боломурғоб асир шудаанд, ба 190 нафар мерасад. Аммо сухангӯи волӣ ё раиси вилояти Бодғис мегӯяд, ки ҳудуди 100 сарбози давлатӣ баъд аз ҷанг бо аслиҳа ва таҷҳизоти ҷангӣ ба Туркманистон убур кардаанд. Ҷамшед Шаҳобӣ, сухангӯи раиси вилояти Бодғис рӯзи якшанбеи 17-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки вазорати хориҷии Афғонистон дар ин маврид бо мақомоти Туркманистон тамос гирифтааст.

Ҷамшед Шаҳобӣ афзуд, "талош кардем, ки як қисми марзбониро аз минтақаи Муричоқи ноҳияи Боломурғобро ба минтақаи амн интиқол диҳем. Бар асоси тасмимҳо, ҳудуди сад сарбоз ба марзи Туркманистон расиданд, вале дар онҷо ҳам бо мухолифон даргир шуданд. Баъд аз ду рӯз аз сӯи вазорати хориҷӣ бо ҳукумати Туркманистон тамос гирифта шуд. Ин сарбозон бо аслиҳа ва таҷҳизоти худ ба Туркманистон убур карданд ва қарор аст аз бандари Турғундӣ дубора ба кишвар баргарданд".

Аммо Абдулазиз Бек, раиси шӯрои вилоятии Бодғис ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукумати Туркманистон аз убури сарбозони афғон ба хоки ин кишвар ҷилавгирӣ карда ва ҷангиёни гурӯҳи Толибон дар ин сӯи марз дар камин нишастаанд. Сухангӯи раиси вилояти Бодғис мегӯяд, ду ҳазор тан аз ҷангҷӯёни Толибон дар ноҳияи Боломурғоб фаъол ҳастанд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ мебошанд.

Аз сӯи дигар, хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти ҳамҷавор (Ҳирот) гузориш медиҳад, ки ҷанг дар ноҳияи Боломурғоб аз 12 рӯз ба ин тараф ҷараён дорад, ки дар натиҷа ба гуфтаи мақомоти Бодғис, беш аз 100 сарбози давлатӣ кушта шудаанд. Аммо Ҷамшед Шаҳобӣ, сухангӯи раиси вилояти Бодғис мегӯяд, ки дар муқоиса бо нерӯҳои давлатӣ, ба шӯришгарон талафоти бештар ворид шудааст.

Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ ки худро сухангӯи Толибон муаррифӣ мекунад, иддао дорад, ки афроди ин гурӯҳ тайи амалиёти Ал-Хандақ дар ноҳияи Боломурғоб дар 48 соати гузашта 72 пулис ва сарбозро асир гирифтаанд. Аммо Ҷамшед Шаҳобӣ, сухангӯи раиси вилояти Бодғис мегӯяд, ки ноҳияи Боломурғоб ба зудӣ аз вуҷуди Толибон пок хоҳад шуд.

Дар вазорати дифои Афғонистон дар робита ба таҳаввулоти ахир ва вазъ дар Боломурғоб ба посухҳои Радиои Озодӣ посух надоданд. Аммо Қайс Мангал, сухангӯи ин вазорат ба рӯзномаи Ню-Йорк Таймз гуфтааст, касоне, ки ба Толибон таслим шудаанд, сарбозони давлатӣ набуда, балки ниманизомиён буданд, ки ба таври ғайнимуназзам фаъолият мекарданд.

Сарчашма: https://www.ozodi.org/a/29827276.html

Комментарии (0)

Оставить комментарий