СЕ ВИДЕО АЗ НУҚТАИ ДОҒ – МАРЗИ ИСФАРА БО БОДКАНД

СЕ ВИДЕО АЗ НУҚТАИ ДОҒ – МАРЗИ ИСФАРА БО БОДКАНД
Рӯзи 14 март ба сомонаи "Ахбор” аз деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Ворухи Исфара се видеои нав расид. Дар видеои аввал, ки ҳамагӣ чанд сония аст, тирпарронии марзбонони қирғиз дар дохили маҳаллаи Тоҷикони Ворух сабт шудааст. Ёдовар мешавем, рӯзи 14 март дар Ворух дар натиҷаи тирпарронии марзбонони қирғиз сокини маҳаллаи Тидони Ворух Расулиддин Тешаев, ҷияни 37-солаи сухангӯи раиси Исфара Иқбол Тешаев ба ҳалокат расида, Ансориддин Ҳайдарови 16-сола аз дасти чапаш тир хӯрд. Рӯзи 13 март сокини 43-солаи Хоҷаи Аъло Ҳусейн Ҳакимов аз тири марзбонҳои қирғиз ба ҳалокат расид ва 20 нафари дигар дар Хоҷаи Аъло ва Ворух аз сангборони сокинони деҳаҳои қирғизнишин ва тири марзбонҳои қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Дар видеои дуюм сокинони Хоҷаи Аъло дар маркази деҳа аз беамалии мақомоти Тоҷикистон нисбат ба бедодгариҳои ҷониби Қирғизистон изҳори норозигӣ мекунанд. Дар видеои сеюм як афсари зоҳиран баландпояи тоҷик дида мешавад, ки арзи мардумро мешунавам. Як сокини солхӯрда аз ҷумла мегӯяд, ин чӣ гап аст, ки мо ҳатто шағал гирифта наметавонем? Аммо афсари баландпоя ба онҳо машварат медиҳад, ки бо дасти холӣ ба ин муноқиша ҳамроҳ нашаванд ва ихтиёрро ба ҳарбиҳо ва мақомоти масъул бисупоранд.

Як рӯзи Исфара – рӯзе, ки мутаассифона, боз бо қурбонӣ анҷомид...



Сарчашма: https://akhbor.com/-p8786-117.htm

Комментарии (0)

Оставить комментарий