Жээнбеков бо роҳбарони мақомоти марзӣ маҷлис орост ва аз муносибатҳояш бо Раҳмон гуфт
Раисҷумҳури Қирғизистон пас аз таниши марзӣ миёни Тоҷикистону кишвараш бо роҳбарони мақомоти марзбонӣ мулоқот кард
Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо роҳбарони мақомоти марзии кишвараш маҷлис орост, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин мулоқот Жээнбеков аз муносибатҳояш бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ гуфтааст.
"Бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунидҳои самаранок анҷом додаем. Муносибатҳои шахсии мо дар доираи ҳусни тафоҳум сурат мегиранд", - гуфтааст вай.
Дар ҳамин ҳол, президент таъкид намудааст, ки вазифаи асосии миёни кишварҳо феълан, аломатгузорӣ ва муайян кардани марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистону Қирғизистон мебошад.
Ёдрас мешавем, дар натиҷаи муноқишаи марзии рӯзи 13 март миёни сокинони деҳаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон як нафар ба ҳалокат расида, 20 нафар маҷрӯҳ шуданд.
13-уми марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи “Коктош-Оқсой-Тамдиқ”-ро оғоз намуд.
Ба ин иқдоми ҷониби қирғиз сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара эътироз намуданд, ки дар навбати худ ҷониби қирғиз ба тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух бо истифода аз силоҳи оташфишон тир холӣ карданд. Дар баробари ин мақомоти қудратии Қирғизистон роҳи “Исфара-Ворух”-ро баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони Тоҷикистонро қатъ намуданд. Дар ин ҷо, сарҳадбонони қирғиз 2 автомашинаи тамғаи "Газел"-ро бо 30 нафар мусофирон, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ доранд, дар отряди сарҳадии “Оқсой” гаравгон гирифтанд.
Дар ҷамоати деҳоти Ворух 50-60 нафар шаҳрвандони қирғиз бо роҳбарии муовини раиси ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Боткен Жалчиев Эркин омада, тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух сангпартоӣ карданд, ки дар натиҷа 11 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.
Дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистон силоҳи шикорӣ истифода гардид, ки дар натиҷа шаҳрванди Тоҷикистон Ҳакимов Ҳусейн, соли таваллудаш 1976, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз қисмати дилаш захмӣ шуда, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Комментарии (0)