Фаврӣ: боз тирпарронӣ дар Ворух - як тан кушта шуд
Исми шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон Тешаев Рафоиддин гуфта мешавад. Ҳодиса имрӯз, баъди зӯҳр соатҳои 15:15 рух додааст
Имрӯз, 14 март, баъди зӯҳр, тақрибан соатҳои 15:15 дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара шаҳрвандони мусаллаҳи Қирғизистон ба ҷониби сокинони ҷамоат тир кушодаанд, ки дар натиҷа як нафари дигар кушта шудааст.
Дар ин бора расонаҳои Тоҷикистон хабар медиҳанд.
"Феълан, маълум аст, ки як шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ ва як шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд", - менависад Sugd News.
Исми шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон Рафоиддин Тешаев гуфта мешавад.
Бино бар иттилои манобеъ, шаҳрвандони Қирғизистон аз снайпер тир кушодаанд.
Ба иттилои бархе аз расонаҳо, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Исфара, ки барои баррасии вазъ субҳ ба ҷои ҳодиса рафта буданд, бо далели муҳосираи қирғизҳо наметавонанд ҷамоатро тарк кунанд.
Комментарии (0)