ИЗҲОРОТИ Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ
ДУШАНБЕ, 14.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад, ки 13 марти соли 2019 дар минтақаи Ворухи шаҳри Исфара ҷониби Қирғизистон бар хилофи қарордодҳои дуҷониба сохтмони роҳи «Коктош-Оқсой-Тамдиқ»-ро оғоз намуданд. Ба ин иқдоми ҷониби қирғиз сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара эътироз намуданд, ки дар навбати худ ҷониби қирғиз ба тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух бо истифода аз силоҳи оташфишон тир ҳолӣ карданд. Дар баробари ин мақомоти қудратии Қирғизистон роҳи «Исфара-Ворух»-ро баста, ҳаракати воситаҳои нақлиёти шаҳрвандони ҶТ-ро қатъ намуданд. Дар ин ҷо, сарҳадбонони қирғиз 2 автомашинаи тамғаи «Газел»-ро, бо 30 нафар мусофирон, ки ба шаҳрвандони ҶТ таълуқ доранд, дар отряди сарҳадии «Оқсой» гаравгон гирифтанд. Дар ҷамоати деҳоти Ворух 50-60 нафар шаҳрвандони қирғиз бо роҳбарии муовини раиси ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Боткен Жалчиев Эркин омада, тарафи сокинони ҷамоати деҳоти Ворух сангпартоӣ намуданд, ки дар натиҷа 11 нафар шаҳрвандони ҶТ ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.
Дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ силоҳи шикорӣ истифода гардид, ки дар натиҷа шаҳрванди ҶТ Ҳакимов Ҳусейн, соли таваллудаш 1976, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз қисмати дилаш захмӣ шуда, дар беморхона ба ҳалокат расид. Инчунин, нозири калони минтақавӣ лейтенанти калони милитсия Авеззода Саидшариф аз қисми рони пой, шаҳрвандон Атамов Максадҷон, соли таваллудаш 1973, сокини маҳаллаи Таги-сада аз қисмати сараш ва Аюбов Раҳим, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Хоҷаи-аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз пояш захмӣ шуданд. Ҳамзамон дар натиҷаи сангпартоӣ сокини маҳаллаи Муминободи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Соҳибов Раҳмониддин, соли таваллудаш 1984 ҷароҳат бардошт. Инчунин, аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ анбори шаҳрванд Муллоҷонов Абдумаҷид, сокини деҳаи Хоҷаи-аъло ва осиёби маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ оташ зада шуд.
Боиси зикр аст, ки саркардаи моҷарои мазкур раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткен, шаҳрванди ҶҚ Роза Усарова мебошад, ки иқдоми худро бо мақсади ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи Хоҷа Аъло ба роҳ мондааст. Таҳлили воқеаҳои охир нишон медиҳад, ки Роза Усарова аз муташанниҷ гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон манфаитдор буда, мунтазам ба барангехтани низои миллӣ миёни мардуми қирғизу тоҷик машғул мебошад.
Вазъ дар марзи Воруху Оқсой айни хол ором буда, таҳти назорати марзбонҳои ду кишвар қарор дорад.
Барои ба эътидол овардани вазъият, миёни намояндагони ҶТ бо роҳбарии муовини раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода ва намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди маҳаллаи Зарафшони шаҳри Исфара гуфтушунид баргузор гардида, баррасии масъалаҳои баҳсӣ идома дорад.
Сарчашма: http://khovar.tj/2019/03/qiz-oroti-markazi-matbuoti-sarrayosati-shun-oi-sar-adii-kdam-t/
Комментарии (0)