Конор Макгрегор ҳабс шуд - акс
Конор Макгрегор, собиқ қаҳрамони UFC дар Майами-Бичи аёлати Флорида боздошт шудааст
Макгрегор бо иттиҳоми авбошӣ ва расондани хисороти моддӣ шоми рӯзи 11 март бо вақти маҳаллӣ ва шаби 12 март бо вақти Душанбе боздошт гардидааст.
Тибқи иттилои пулиси маҳаллӣ, ҷабрдида нафаре будааст, ки мехостааст, Макгрегорро дар телефонаш сабт кунад.
Бар асоси изҳороти пулис, замоне, ки размикори ирландӣ аз меҳмонхона берун мешудааст, марде хостааст, бо телефон акси ӯро гирад.
Аммо Макгрекор телефонро аз дасти ин мард гирифта, чанд бор пояш зер карда, осеб расондааст. Дар пайи ин размикор телефонро бо худ гирифта рафтаст. Марди ҷабрдида арзиши телефонро 1 ҳазор доллари амрикоӣ гуфтааст.
Конор Макгрегор, размикори шинохтаи ҳунарҳои размии омехта мебошад, ки ахиран аз Ҳабиб Нурмуҳаммедов, варзишкори русиягӣ шикаст хӯрд. Ӯ то ҳол дар қувваозмоиҳои ҳунарҳои размии омехта – “MMA” 21 пирӯзӣ ва 4 шикаст дорад.
Комментарии (0)