ҶАНҶОЛУ ГИРЕБОНГИРИИ ЯК РОНАНДА БО КОРМАНДИ БДА (НАВОР)

ҶАНҶОЛУ ГИРЕБОНГИРИИ ЯК РОНАНДА БО КОРМАНДИ БДА (НАВОР)

Дар шабакаи "Одноклассники” видеое нашр шудааст, ки дар он лаҳзаи баҳси тунд ва гиребонгирии як ронанда бо як корманди БДА сабт шудааст. Ронандаи як мусофирбари "Тангем” бо рақамҳои вилояти Хатлон дар як роҳи мошингард, ки зоҳиран яке аз кӯчаҳои шаҳр аст, кормандони ҳайъати роҳбониву дидбонӣ (ДПС) манъ мекунанд. Байни онҳо баҳси тунде дармегирад ва ронанда корманди БДА-ро ҳангоми гузаштан аз роҳ чандин бор дашномҳои қабеҳ медиҳад ва бо ӯ дастбагиребон мешавад. Вақте ки корманди БДА мехоҳад дохили мошини "Тангем” дарояд, ронада бори дигар ӯро аз гиребонаш гирифта, фароварданӣ мешавад. Ронанда ҳамин тавр, вақте ки корманди БДА мехоҳад рақамҳои мошинашро канда, бигирад, ӯро дашном медиҳад ва монеи кандани рақамҳо мешавад. Дар охир корманди БДА рақамҳои мошинро канда, бо худ мебарад ва ронанда ҳақораткунон ба мошинаш нишаста, бо қаҳру бо шаст аз маҳалли ҷанҷол ҳаракат мекунад.

Кай ва дар куҷо сабт шудани ин видео маълум нест. Видеоро корбаре бо номи Умеда Саидова рӯзи 19 феврал дар шабакаи "Одноклассники” нашр кардааст.

[media=https://ok.ru/video/957526706719?fromTime=3]

Комментарии (0)

Оставить комментарий