Исми сафири нави Эрон дар Тоҷикистон маълум шуд
Сафири нав рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон меравад ва ба кори худ шурӯъ мекунад
Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон исми сафири нави кишвар дар Тоҷикистонро бозгӯӣ кардааст. Дар ин бора хабаргузории "Форс" иттилоъ медиҳад.
Қосимӣ дар сӯҳбат бо хабаргзорӣ гуфтааст, "Муҳаммадтақӣ Собирӣ, муовини умури идорӣ ва молии Вазорати корҳои хориҷии Эрон, сафири он кишвар дар Тоҷикистон таъйин шуд".
Ба гуфтаи сухангӯи вазорат, сафири нав ба наздикӣ ба Тоҷикистон сафар ва ба кори худ шурӯъ хоҳад кард.
Пештар маълум шуда буд, ки ваколати сафири ҳамакнун пешини Эрон дар Тоҷикистон, Ҳуҷатуллоҳ Фағонӣ ба анҷом расид.
Пештар Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ дар поёни маъмурияти худ ва ба манзури худоҳофизӣ бо Шукурҷон Зуҳуров раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мулоқот намуда буд.
Дар ин дидор тарафҳо дар хусуси вазъияти равобити дуҷониба ва тақвияти он ба вижа роҷеъ ба ҳамкориҳои парлумонии ду кишвар табодули назар карданд.
Комментарии (0)