Тоҷикистон дар минтақа дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм қарор дошта, дар ин самт дар кишвар пояҳои меъёрию ҳуқуқӣ тақвият дода шудаанд. Ин матлаб дар ҳамоише дар Душанбе вобаста ба масъалаҳои актуалии пешгирии терроризм ва экстремизм баён гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ва коршиносону таҳлилгарон ҳузур доштанд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ ва мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм сухан карда, гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ диққати асосиро ба ҷилавгирии ҷавонон ҷиҳати напайвастан ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва баргардонидани ҷавонони гумроҳ, ки дар хориҷи кишвар ба сафи ҳаракатҳои ифротию террористӣ пайвастаанд, равона намудааст.
Ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба зидди экстремизм ва терроризм бо дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро густариш дода, дар муборизаи беамон алайҳи равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир дар минтақа дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016-2020»-ро тасдиқ намудааст. Санади мазкур тамоми паҳлуҳои равандҳои асосии ифротгароиро, ки ба терроризм мебаранд, дар бар гирифта, муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб тақвият мебахшад.
Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар роҷеъ ба масъалаҳои мубрами мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, роҳу усулҳои муқовимат ҷиҳати пешгирии терроризм ва экстремизм, нақши сохторҳои махсус ва қудратии мамлакат дар мубориза бо ин зухуроти номатлуб, истеҳсол ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир чун сарчашмаи маблағгузории терроризм ва экстремизм ибрози назар карданд.
Сарчашма: http://khovar.tj/2019/03/to-ikiston-dar-minta-a-dar-safi-peshi-muboriza-bo-terrorizm-va-ekstremizm-aror-dorad/

Комментарии (0)