Боздиди ғайринақшавии президенти Узбакистон аз бозори Деҳқон - (НАВОР)

Боздиди ғайринақшавии президенти Узбакистон аз бозори Деҳқон - (НАВОР)
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон зимни сафараш ба вилояти Намангон берун аз барномаи сафар ба бозор рафта, бо мардум мулоқот кардааст

 Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон, Шавкат Мирзиёев дар Намангон берун аз барномаи сафар, қатори мошинҳоро дар назди бозори кишоварзии ноҳияи Турақӯрғон нигоҳ дошта, бо сокинон гуфтугӯ кардааст.

Боздиди Шавкат Мирзиёевро аз бозор бархе аз корбарон сабт карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд.

[media=https://ok.ru/video/1171355666999]

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон, Мирзиёев дар ин мулоқот изҳор доштааст, ки дар ислоҳоташ такя ба андешаҳои мардум хоҳад кард ва иқдом барои беҳбуди зиндагии мардумро идома хоҳад дод. Ӯ дар бораи нақшаҳо барои рушди вилоят ва ҳар ноҳия, ҷалби сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ суҳбат кардааст.

Манбаъ афзуд, ки мардум дар ин мулоқот аз ислоҳоти раисиҷумҳур истиқбол карда, изҳор доштаанд, ки аллакай таъсирашонро дар ҳаёти рӯзмарраи худ эҳсос кардаанд.

Дафтари матбуот зикр кардааст, ки муколама бо мардум ва ҳамеша бо мардум пеш рафтан шиори фаъолияти Шавкат Мирзиёев мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий