Кабирӣ-зери мусиқии хоҷагони хориҷиаш мерақсад
Даҳсолаи аввали асри 21 дар низоми сиёсии кишварҳои олам тағйиротҳои ҷиддиеро ворид сохт. Ҳар як давлат имрӯз ба он манфиатдор аст, ки дар таъмин намудани амнияти миллӣ, нигоҳ доштани истиқлолияти комили сиёси, таъмини шароити арзанда ва инкишофи озодонаро дар кишварашон роҳандозӣ намоянд. Мафҳумҳои терроризм, дастаҳои террористӣ, экстремист, ифротгарои динӣ, фундаминтализми исломӣ, «ҲНИ», «Ваҳобия», «Толибон», «Ал-Қойида», «Ихвон ал-муслимин», «Давлати исломӣ», «Ансор-аш-шариа», «Салафия ва гайраҳо мамолики Шарқу Ғарбро ба таҳлука оварда истодаанд. Ҳар яке аз ин калимаҳо афрод, гурӯҳ, манфиату мақсад ва амалеро ифода менамояд, ки мафкураашон барои инсонҳо ва шаклҳои мухталифи ҳокимият хатаре дорад.
Чи тавре ба ҳамагон маълум аст, афроди ифротгар миллат, давлат, дину мазҳаб надоранд, дар сафи ин гурӯҳҳо ва созмонҳо миллатҳо ва шаҳрвандони кишварҳои гуногун шомиланд. Баъзан суол мекунанд «Оё онҳо модару хоҳар, зану фарзанд, хешу табор надоранд? Оё айёми кӯдаки ва бачагӣ дар дил орзӯю омоле доштан, ки онро ба фоидаи ватану миллат равона созанд? Чаро ин афрод роҳеро интихоб намуданд, ки он оқибати хуб надорад? Ба фикри мо ин саволҳое мебошанд, ки ба онҳо хар кас ҷавоби хеш доранд. Солҳои охир башарият шоҳиди амалҳои нопоки ин ҳарактҳои ба ном исломӣ буд, ки ба дину мубини поки Ислом ягон алоқа надоранд, дар минтақаҳои Осиёи Ҷануби Шарқӣ ва Марказӣ бахусус Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон,Хитой. Сурия, Ироқ, Миср ба даҳшатафтонӣ ба куштору ғоратгарӣ машғул шуда, ба муқобилӣ шахсони бароионҳо номақбул ва афроди ғайри ислом «ҷиҳод» эълон мекунанд.
Бадбахтона, баъзе аз шаҳрвандони кишвари мо ба мисли Муҳиддин Кабирӣ бозичаи кишварҳои абаркудрат гардида, барои ба даст овардани маблағ ва ё дигар манфиатҳои шахсӣ ба Ватан, миллат ва халқи худ хиёнат намуда, барои маблағи ночиз зану фарзанд ва авлоду аҷдоди худро мефурушанд.
Қайд кардан бомаврид аст, ки барои амалӣ намудани манфиатҳои ғаразнокашон бо ном «ҷорӣ намудани демократия», «таъмини ҳуқуқу озодии шаҳрвандон» дар ҳудуди мамлакатҳое, ки дорои захираҳои бойи табиианд аз ин гурӯҳо ва созмонҳои ифротгаро истифода ва дастгирӣ низ мекунанд.
Натиҷаи бо ном «демократия»-и ғарбро имрӯз дар мисоли нооромиҳои як қисм давлатҳои Араб ва кишварҳои Африқо эҳсос менамоем.
Пас ҳар яки мо бояд аз ҳодисаҳои соли 1992 аз низоъҳои сиёсии Тоҷикистон рух доданд, сабақе биомӯзем, то дар назди наслҳои оянда сархам ва шарманда набошем. Зери таъсири ТЭТ «ҲНИ», аксари ҷавонони бесаводу аз дини мубини ислом ноогоҳ афтода, шомили ин гуруҳҳо гардиданд. Кабири як шахси фиребгар ва қаллоб буда, зери «мусиқии хоҷагони хориҷиаш мерақсад». Барои ба даст овардани манфиатҳои шахсиаш ӯ аз ягон чиз руй нахоҳад гардонид. Мо бояд ҳеҷ гоҳ фирефтаи ин шахси казод нагардем.
Итминон дорем, ки миллате, ки як бор дар раванди давраи аввали ташкили давлатдории хеш пешпо хурда буд ва бо чандин душвориҳо сулҳу салоҳро барқарор намуда мисли гавҳараки чашм истиқлолияти сиёсӣ ва амнияту оромии кишварро нигоҳ медоранд. Эҳтиром нисбат ба истиқлолият, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату миллат бояд талаботи ҳаррӯзаи шаҳрвандони кишвари офтобиамон бошад.
Ҳимояи манфиатҳои миллӣ аз тарафи ҳамаи қишрҳои ҷомеъа метавонанд амнияти миллии моро таъмин намоянд.
Карамалишоев Р.
нафақахур, сокини ш.Хоруғ
Комментарии (0)