Ҷашнвораи “Таронаҳои Шарқ” дар Самарқанд баргузор мегардад
Олимон-мусиқишиносон, ҳунармандону коршиносони маъруф, ва меҳмони олиқадр, аз ҷумла аз кишварҳои хориҷӣ дар фестивали “Шарқ тароналарӣ” иштирок менамоянд
Аз 26 то 30 августи соли 2019 дар шаҳри Самарқанд ҷашнвораи 12-уми байналмилалии мусиқии “Шарқ тароналарӣ” (“Таронаҳои Шарқ») баргузор мегардад.
Дар ин бора дар қарор “Дар бораи тадбирҳои омодагӣ ба баргузории ҷашнвораи байналмилалии мусиқии “Шарқ тароналарӣ””, ки 26 феврал аз ҷониби Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расид, гуфта мешавад.
Матни қарор 26 феврал дар сомонаи Агентии миллии иттилоотии Узбакистон “УзА” интишор гардидааст.
Олимон-мусиқишиносон, ҳунармандону коршиносони маъруф, ва меҳмони олиқадр, аз ҷумла аз кишварҳои хориҷӣ дар ин фестивал иштирок менамоянд.
Дар доираи ҷашнвора баргузории “мизҳои мудавар”, муаррифиҳо ва курсҳои махсуси мутахассисони хориҷӣ дар назар аст.
Инчунин дар доираи ҷашнвора мазкур конфронси байналмилалии илмӣ-амалии “Дурнамои рушди санъати мусиқии халқҳои Шарқ” баргузор мегардад.
То 1 июни соли 2019 Академияи санъати Узбакистон ва Ассосиатсияи эҷодии ҷумҳуриявии “Тасвирий Ойина” лоиҳаҳои рамзи ҷашнвора ва ҳайкалчаҳоро барои сарфарозгардонии ғолибон таҳия хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки ҷашнвора 11-уми байналмилалии мусиқии “Шарқ тароналарӣ”, ки тобистони соли 2017 баргузор гардида буд, ба сокинон ва меҳмонони Самарқанд аз шиносоӣ бо анъанаву таронаҳои кишварҳои Шарқ эҳсоси фаромӯшнашаванда ҳадя намуд. Ҷашнвора 250 нафар ҳунармандро аз 59 кишвари ҷаҳон дар майдони Регистон ҷамъ оварда буд.
Комментарии (0)