Раиси Суғд муҳофизонро бо Рӯзи артиш шодбош гуфт
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд шаҳрвандони кишварро ба муносибати рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки 23 феврал таҷлил мешавад, шодбош гуфт
Аҳмадзода дар паёми шодбошияш 23 феврали соли 1993-ро барои ҷумҳурӣ рӯзи таърихӣ хонд, зеро маҳз аз ҳамон рӯз қадамзании музаффаронаи Артиши миллӣ оғоз гардид.
“Артиши миллии мо дар шароити хеле ҳассоси пойдоршавии давлати мустақил ташаккул ёфта, аз рӯзи таъсисёбӣ чун рукни муҳими давлати тозаистиқлоли тоҷикон барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистон саҳм гузошт”, - омадааст дар иттилоияи Аҳмадзода.
Ӯ таъкид кардааст, ки тайи ин муддат афсарону сарбозон ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ дарси мардонагию шуҷоатро азхуд намуда, соҳиби таҷрибаи бойи касбӣ шуданд.
“Тадриҷан беҳтар шудани таъминоти қисмҳои низомӣ, шаклан ва мазмунан тағйир ёфтани корҳои тарбиявию сиёсӣ, мунтазам гузаронида шудани машқҳои ҳарбӣ боиси рӯз аз рӯз афзудани маҳорати касбию ҷангии сарбозон мегарданд”, - изҳор доштааст Аҳмадзода.
Вай муътақид аст, ки қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон имрӯз қодиранд манфиатҳои давлати соҳибистиқлолро сарбаландона ҳимоя намоянд.
Аҳмадзода ба муҳофизони Ватан дар талоши пайваста барои ҳифзи суботу амнияти устувори Тоҷикистон ва адои хизмати содиқонаи ҳарбӣ комёбиҳо таманно намуда, ба кулли низомиён сарбаландию некномӣ, тани сиҳату хотири ҷамъ, хонаи обод, хушбахтӣ ва пирӯзиҳо орзу намудааст.
Комментарии (0)