Рустам Эмомалӣ муассисаи давлатии нав таъсис дод
Дар ин бора қарори вижаи раиси шаҳри Душанбе ба имзо расидааст. Ин муассиса ба хотири дастгирии соҳибкор дар пойтахт ташкил мешудааст
Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бо тасвиби қарори вижа дар Душанбе Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе" ташкил додааст.
Мақсид аз ташкили ин муассиса дастгирии соҳибкорон гуфта мешавад.
"Оиннома, сохтор, ҳайати Шӯрои нозирон, фонди музди меҳнати директор ва кормандони Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе" тибқи замимаҳои 1, 2, 3 ва 4 тасдиқ карда шуда, фонди оинномавии муассиса ба андозаи 35000 (сиву панҷ ҳазор) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳри Душанбе ташкил карда шавад", - гуфта мешавад дар банди дувуми қарор.
Шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ӯҳдадор шудаанд, ки ҷиҳати таъин намудани директори Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанб" ба раиси шаҳри Душанбе таклиф пешниҳод намояд.
Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе бояд барои пешбурди фаъолияти муассиса маблағҳои заруриро аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳр дар доираи имкониятҳои молиявӣ пешбинӣ намояд.
"Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе" дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида бақайдгирии давлатӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои зарурии фаъолияти муассисаро ба анҷом расонад", - гуфта мешавад дар банди панҷуми қарори раиси шаҳри Душанбе.
Комментарии (0)