Сафари кории соҳибкорони ватанӣ ба Шоҳигарии Белгия
11-17 феврали соли 2019 як теъдод соҳибкорони ватанӣ бо мақсади дарёфти ҳамшарикон дар самтҳои мушаххаси саноати сабук ва истифода аз таҷрибаи андӯхта ва технологияҳои навини Аврупо, ба Шоҳигарии Белгия сафари корӣ барпо намуданд. Тӯли як ҳафта соҳибкорони ватанӣ дар шаҳрҳои Марке, Десселгем ва Ипри Белгия аз ширкатҳои машҳуру маъруфи “Вандервелле”, “Маттис” ва “Пиканол” дидан намуда, дар бахшҳои нассоҷиву бофандагӣ ва қисматҳои дигари саноати сабук музокироту гуфтушунидҳо ба анҷом расониданд.
Ин музокирот пояи ҳамкорирҳои минбаъдаеро миёни соҳибкорони ду кишвар гузошт, ки ҷиҳати сохтмони корхонаҳои нав бо истифода аз технологияҳои муосир, мусоидат хоҳад кард.
Ин музокирот пояи ҳамкорирҳои минбаъдаеро миёни соҳибкорони ду кишвар гузошт, ки ҷиҳати сохтмони корхонаҳои нав бо истифода аз технологияҳои муосир, мусоидат хоҳад кард.
Комментарии (0)