Боздид Сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Тсукуба

Боздид Сафири Тоҷикистон аз Донишгоҳи Тсукуба
19 феврали соли 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов аз  Донишгоҳи Тсукуба боздид намуда, бо роҳбарияти он профессор Кёсуке Нагата, ҳайати профессорону устодони Донишгоҳ ва ҳамчунин донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар барномаҳои магистрӣ ва докторантураи он муассисаи илмӣ таҳсил менамоянд, мулоқот баргузор намуд.

Зимни мулоқот бо профессор Кёсуке Нагата миёни ҷонибҳо оид ба натиҷаи боздиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Донишгоҳи Тсукуба (4 октябри соли 2018), ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни Донишгоҳи Тсукуба ва муассисаҳои таълимӣ ва илмию тадқиқотии Тоҷикистон, инчунин раванди таҳсил ва шароити будубоши донишҷӯёни тоҷик мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сафири Тоҷикистон  дар бораи дастовардҳои даврони истиқлоли Тоҷикистон, ташаббусҳои Президент ва фаъолияти Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии ҷавонон суҳбат карда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки хуб таҳсил намуда, Тоҷикистонро дар кишвари иқомат ба таври шоиста муаррифӣ кунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий