Президент намехоҳад, худро дар клипҳо бинад: супоришҳо ба Озода Раҳмон ва раиси Кумита
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони расонаҳои давлатӣ аз тарғибу ташвиқи роҳбари давлат тариқи клипҳои мусиқӣ интиқод карда, барои хотимаи он дастур додааст
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз аз тарғибу ташвиқи Президент тавассути клипҳои мусиқӣ изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио супориш дод, ки ба ҷойи ин талошу заҳматҳои мардуми меҳнаткаши ҷумҳурӣ, дастовардҳои арзандаи кишвар ва табиати зебову нотакрори сарзамини аҷдодӣ васеъ инъикос карда шавад.
Раисиҷумҳур инчунин фарогирии пахши барномаҳои телевизиону радиои давлатӣ дар саросари кишварро низ ғайриқаноатбахш хондааст.
Ӯ Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президентро вазифадор кардааст, ки бо таъсиси комиссияи босалоҳият ва бо гузаронидани мониторинг масъалаи пахши барномаҳоро дар саросари ҷумҳурӣ таҳлил ва барои ислоҳи камбудиҳо чораандешӣ намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон бо зикри аҳамият ва нақши расонаҳо дар ҷаҳони муосир, таваҷҷуҳи кормандони шабакаҳои телевизионию радиоиро ба як қатор камбудиву мушкилоти ҳалталаб ҷалб кардааст.
Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки инъикоси саривақтии ҳодисаҳо, рӯйдоду воқеаҳои олам дар телевизион ва радио то ҳанӯз суст ба роҳ монда шудааст.
“Аксар маврид журналистон бе тайёрии пешакӣ ба эфир мебароянд, барномаҳои таҳлилӣ оид ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири равандҳои геополитикии ҷаҳон ба Тоҷикистон умуман дида намешаванд, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва тарзи тайёр кардани таомҳои миллӣ воқеияти ҳолро нишон надода, баръакс, ба баъзе касбу ҳунарҳои мардумӣ назари рӯякӣ ва ғайрикасбӣ зоҳир мегардад, омӯзиш ва тарбияи мутахассисони касбӣ дар Академияи васоити ахбори умум то ба ҳол натиҷаҳои дилхоҳ надода истодааст, сатҳи донистани забонҳои хориҷӣ дар телевизион ва радио хеле паст аст ва сабаби дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок накардани журналистон ин надонистани забонҳои хориҷист, намоишҳое, ки ҳар ҳафта тамошобин интизор шавад, қариб, ки дида намешаванд ва Шӯроҳои бадеӣ ва роҳбарони барномаҳои мусиқӣ бояд танҳо ҳунармандони касбиро иҷозати ба эфир баромадан диҳанд”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур дастур додааст, ки барои ҷавобгӯ гардонидани муҳтавои барномаҳои телевизион ва радио ба рӯйдодҳои ҷаҳон, минтақа, кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллии Тоҷикистон, таҳияи барномаҳои ҷиддии таҳлилӣ бо ҷалби коршиносон ва идомаи анъанаи таҳияи филмҳои телевизионӣ чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
“Дар шабакаҳои телевизионии давлатӣ ба намоиши барномаву филмҳои таъсиррасон, матлабҳои нишонрас ва фошкунандаи ҳадафҳои хатарбори ҳаракату созмонҳои террористиву экстремистӣ, инчунин, наворҳои ҷавобгӯ ба ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ афзалияти бештар дода шавад, мунтазам барномаҳо оид ба кашфиёту ихтирооти ҷадиди илму техника, ташаккули ҷаҳонбинии васеи илмӣ, ошкор кардани сабаб ва воқеияти рӯйдодҳои олам таҳия гарданд”,- супориш додааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки сомонаҳои махсус барои пахш кардани хабару навидҳо дар байни муҳоҷирони тоҷик ва умуман тоҷикони бурунмарзӣ таъсис диҳад.
Эмомалӣ Раҳмон зарур донистааст, ки Барномаи рушди телевизион ва радиои миллӣ, инчунин, Барномаи рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 таҳия ва пешниҳод гардад.
Ӯ афзудааст, ки ҳамаи барномаҳо дар шабакаҳои давлатӣ бояд бо дарназардошти манофеи давлату миллат, бо забони адабии тоҷикӣ ва сатҳи баланди касбӣ таҳия карда шавад.
“Дар шароити имрӯзаи ҷомеи ҷаҳонӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ, вазъи мураккаби сиёсии минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як фарди кишвар тақозо мекунад, ки беш аз ҳарвақта огоҳ бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, вобаста ба руйдодҳои олам саривақт чораандешӣ намоянд ва дар баъзе мавридҳо вокуниш нишон диҳанд”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур намояндагони васоити ахбори омма бояд ба мардум, бинанда, шунаванда ва хонандаи худ мазмуну муҳтавои воқеии руйдодҳоро расонанд.
“Ҳамзамон бояд ба инобат гирифта шавад, ки маводҳо воқеъӣ, бо таҳлилҳои амиқу рақамҳои дақиқ ва ҳадафрас таҳия гарданд”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Комментарии (0)