Сафир: гирифтани шаҳрвандӣ барои хатмкунандаҳои макотиби Русия метавонад осон шавад
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон зимни мулоқот бо рӯзноманигорон аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷавонони тоҷикистонӣ ба таҳсил дар Русия суҳбат кард
Лякин-Фролов зикр кард, ки дар Тоҷикистон филиали бахше аз муассисаҳои олии Русия, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Маскав ва Донишгоҳи славянӣ фаъолият доранд.
“Феълан ҳудуди 8 ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ дар ин муассисаҳо таҳсил доранд. Инчунин имконияти таҳсил дар бакалавриат, магистратура, аспирантура ва ординатура фароҳам аст”, - изҳор дошт сафир.
Ӯ илова кард, ки дар қаламрави Русия ҳудуди 20 ҳазор донишҷӯи тоҷикистонӣ мехонанд.
“Ҷавонони Тоҷикистон бештар муассисаҳои таълимии тиббӣ ва ҳунармандӣ интихоб мекунанд. Ҳамасола ҳудуди 7 ҳазор донишҷӯ барои таҳсил ба Русия меравад”, - иттилоъ дод Лякин-Фролов.
Сафир таъкид кард, ки феълан масъалаи осон кардани гирифтани шаҳрвандӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои олии таълимии Русия дар баррасӣ қарор дорад.
Лякин-Фролов изҳор дошт, ки бисёре аз хатмкунандагони макотиби олӣ дар Русия мемонанд ва ҳангоми бозгашт ба Ватан аллакай аз малакаи хуби корӣ ва таҷрибаю равобити зарурӣ бархӯрдор мебошанд.
Комментарии (0)