Бонки миллӣ ба “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” иҷозатнома дод
Тибқи қарори Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки милии Тоҷикистон барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дода шуд
Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, ба ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” ба муҳлати 3 (се) сол иҷозатнома дода шуд.
Қарори мазкур мутобиқи моддаи 14-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ”, моддаи 18-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва дар асоси моддаи 77-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба имзо расидааст.
Раёсати Бонки миллӣ идораи низоми пардохт вазифадор намудааст, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” дар баробари қабули пардохтҳо барои хизматрасониҳои алоқа, коммуналӣ, қувваи барқ, пардохти қарз, пур кардани суратҳисобҳои бонкӣ, инчунин, хизматрасониҳои бонкиро тавассути агентҳои бонкии пардохтӣ, сомонаи Интернетии ташкилоти қарзӣ, Интернет-эквайринг барои хариди молу хизматрасониҳо бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ ва маблағҳои электронӣ пешниҳод менамояд.
Инчунин бонки мазкур ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятро бо дигар таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ дар дохили Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, тавассути низоми пардохтии “Осон” ба муштариён хизматрасониҳои пардохтӣ пешниҳод менамояд.
Комментарии (0)