Муҳокимаи ҳамкории Душанбе бо Рим
Ҷамолиддин Убайдулло, сафири Тоҷикистон дар Итолиё бо Манлио ди Стефано, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Итолиё густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти Ҷамолиддин Убайдулло бо Манлио ди Стефано охири ҳафтаи гузашта сурат гирифтааст.
“Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод, маориф ва ҷоннок намудани пояи шартномавӣ-ҳуқуқиро мавриди муҳокима қарор додаанд”, - омадааст дар иттилоия.
Ҷонибҳо баргузории нахустин машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Итолиёро, ки моҳи ноябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе доир гардиданд, руйдоди муҳим дар ҳамкориҳои тарафайн арзёбӣ намуданд.
Комментарии (0)