РАҚСИ ЗЕБОИ ДУХТАРИ ТОҶИКИ МУҚИМИ ЧИН (НАВОР)

РАҚСИ ЗЕБОИ ДУХТАРИ ТОҶИКИ МУҚИМИ ЧИН (НАВОР)

Як духтари хурдсоли тоҷик аз дараи Вахон дар ғарби Чин бо рақси миллии тоҷикиаш дар як озмуни телевизионии Чин ҳамаро ба ваҷд овард. Ин духтар, ки дар даст уқоб ва дар тан куртаи чакан зери ҳавои таронаи мардумии "Дил бурданакот...” рақсид, баъди анҷоми ҳунарнамоияш бо ифтихор ба ҳайъати доварони озмун гуфт, ки ӯ тоҷик аст ва дар ин саҳна намунаи фарҳанги баланди мардуми тоҷикро намоиш дод. Mumtoz Mirzovali, ки ин видеоро нашр кард, навиштааст: "Ҷонум тоҷик, ҳама ҷаҳонум Тоҷик! Магар зебо нест тоҷик дар ҳар куҷо?!” Бино ба оморҳо, дар ғарби Чин тақрибан 75 ҳазор тоҷик ба сар мебаранд. Аксари онҳо дар ноҳияи Тошқӯрғони вилояти мухтори Шинҷон-Уйғур зиндагӣ мекунанд.

 

Комментарии (0)

Оставить комментарий