Занги Баротзода баъди баҳси масҷиду ҷавонон ва изҳороти Иноятзода: маро нодуруст фаҳмиданд
Ба гуфтаи масъулини марказ, раиси шаҳри Истаравшан барои "нодуруст тасфир кардани фикраш аллакай бахшиш пурсидааст"
Масъулини Маркази исломшиносии Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфтаанд, ки изҳороти раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзодаро дар бораи нақши масҷид дар тарбияи ҷавонон нодуруст фаҳмидаанд.
Ёдрас мешавем, пештар аз қавли расонаҳо хабар дода шуд, ки Иноятзода дар бораи қатъи фаъолияти 36 масҷид дар шаҳраш гуфтааст, ки "аз масҷид касе ба фикри солим набаромадааст".
Аммо мудири Маркази исломшиносӣ Файзулло Баротзода гуфтааст, ки дар ин бора бо раиси шаҳр шахсан бо телефон сӯҳбат дошт ва Иноятзода гуфт, ки "шояд ягон ҷиҳати масъала нодуруст фаҳмонида шудааст".
"Баҳром Иноятзода гуфт, шояд зимни суханронӣ ягон ҷиҳати масъала нодуруст фаҳмонида шудааст, вале мо медонем, ки дар масъалаи таълиму тарбияи ахлоқию маънавии насли ҷавон ва умуман шаҳрвандон ҳам мактабу мадраса ва ҳам масҷиду меҳроб ҷойгоҳи сазовори худро доранд. Аллакай аз тариқи васоити ахбор огоҳ ҳастед, ки раиси муҳтарами шаҳри Истаравшан узри худро дар бораи нодуруст таъбир ё тафсир кардани ин масъала баён доштанд, — гуфтааст Баротзода.
Пештар аз баста шудани 36 масҷид дар Истаравшан хабар дода шуда буд.
Комментарии (0)