Мақомот аз аввалҳои соли 2018 Гадоевро даъват ба Ватан дошт
Ба гуфтаи ӯ, мақомот ҳанӯз аввалҳои соли 2018 Гадоевро даъват ба баргаштан карда буд. Аммо бемории модар вайро қатъиян водор кардааст, ки баргардад ва дар бари наздиконаш бошад
Ӯ мегӯяд, "қариб шашу ним сол дар хориҷи кишвар будем, ба хулосае омадаем, ки дар ҳақиқат дар Тоҷикистон пешравиҳои зиёд аст, мо берун аз ватан он пешрафтҳоро нодида гирифтем, дар охир ба хулосае омадем, ки мо ҷавонон ба ин давлатва миллат ба кор меоем".
Вай мегӯянд, пештар аз ҷониби ВУД Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ки агар ихтиёран ба Ватан баргардад авф мешавад.
"Вақте ки мо дар берун будем, фикр мекардем, ки мушкилотҳо зиёданд, вале дар ҳақиқатан дидем, ки ин хел набудааст", - афзудааст вай.
"Бештар шуморо пушаймониатон водор кард, ки баргардед ё модаратон шуморо даъват карданд?".
"Тӯли шашу ним сол падарам аз дунё гузашт, натавонистам ва... модарам бемор ҳастанд. Ба ин хотир омадам, ки бо модарам бошам, ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунам. Раҳмат ба мақомоти қудратии ҷумҳурӣ ва раҳмат ба роҳбарияти ҷумҳурӣ, ки онҳо даъват карданд, мо пазируфтем ва онҳо ҳам барои авф пазируфтанд, мо инро қадрдонӣ мекунем ва кӯшиш мекунем, ки саҳми худамонро дар ободонии ватану миллат раоснем", - мегӯяд Гадоев.
Ӯ дар посух ба суоле, ки оё тасмимаш дар бораи баргаштан фаврӣ буд ё пештар низ дар фикри бозгашт шуда буд, мегӯяд, ки ин тасмимро дар пайи андешарониҳо қабул кардааст.
Аввалҳои соли 2018 ҳамин хел пешниҳод аз ҷониби мақомот буд, давоми як сол ман фикр кардам ва фикр кардам", - афзудааст Шарофиддин Гадоев.
Сарчашма: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190216/1028301244/Videoi-navi-Gadoev-az-avvalin-peshniodoi-maomot--va-bemorii-modaru-darguzashti-padar.html
Шарифиддин Гадоев, ки исмаш дар сафи мухолифини Ҳукумат номбар мегардид, дар навори дигаре дар мусоҳиба бо хабарнигори РИА Новости дар Душанбе Лидия Исамова сабабҳои бозгашташ ба Тоҷикистонро тавзеҳ медиҳад.
Ӯ мегӯяд, "қариб шашу ним сол дар хориҷи кишвар будем, ба хулосае омадаем, ки дар ҳақиқат дар Тоҷикистон пешравиҳои зиёд аст, мо берун аз ватан он пешрафтҳоро нодида гирифтем, дар охир ба хулосае омадем, ки мо ҷавонон ба ин давлатва миллат ба кор меоем".
Вай мегӯянд, пештар аз ҷониби ВУД Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, ки агар ихтиёран ба Ватан баргардад авф мешавад.
"Вақте ки мо дар берун будем, фикр мекардем, ки мушкилотҳо зиёданд, вале дар ҳақиқатан дидем, ки ин хел набудааст", - афзудааст вай.
"Бештар шуморо пушаймониатон водор кард, ки баргардед ё модаратон шуморо даъват карданд?".
"Тӯли шашу ним сол падарам аз дунё гузашт, натавонистам ва... модарам бемор ҳастанд. Ба ин хотир омадам, ки бо модарам бошам, ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунам. Раҳмат ба мақомоти қудратии ҷумҳурӣ ва раҳмат ба роҳбарияти ҷумҳурӣ, ки онҳо даъват карданд, мо пазируфтем ва онҳо ҳам барои авф пазируфтанд, мо инро қадрдонӣ мекунем ва кӯшиш мекунем, ки саҳми худамонро дар ободонии ватану миллат раоснем", - мегӯяд Гадоев.
Ӯ дар посух ба суоле, ки оё тасмимаш дар бораи баргаштан фаврӣ буд ё пештар низ дар фикри бозгашт шуда буд, мегӯяд, ки ин тасмимро дар пайи андешарониҳо қабул кардааст.
Аввалҳои соли 2018 ҳамин хел пешниҳод аз ҷониби мақомот буд, давоми як сол ман фикр кардам ва фикр кардам", - афзудааст Шарофиддин Гадоев.
Сарчашма: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190216/1028301244/Videoi-navi-Gadoev-az-avvalin-peshniodoi-maomot--va-bemorii-modaru-darguzashti-padar.html
Комментарии (0)