Тоҷикистон мехоҳад арзиши фурӯши барқро ба Узбакистон гарон кунад
Ҳоло ҷонибҳо арзиши барқи Тоҷикистонро, ки ба Узбакистон фурӯхта мешавад, мувофиқа мекунанд
Ширкатҳои барқии Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи интиқоли барқ дар фаслҳои баҳору тобистон гуфтушунид анҷом медиҳанд, хабар додааст муовини раиси "Барқи тоҷик" Мадумар Асозода.
Ба гуфтаи муовини раис, ҷонибҳо ҳоло тарофаи барқро, ки мувофиқи он Узбакистон аз Тоҷикистон барқ хоҳад гирифт, баррасӣ мекунанд.
Имсол Тоҷикистон мехоҳад арзиши барқро ба Узбакистон нисбат ба соли гузашта гаронтар кунад. Агар ҷонибҳо ба мувофиқа расанд, арзиши ҳар як киловатти барқ ба Узбакистон 2 сентро ташкил хоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол, ҷумҳурӣ мехоҳад ба Узбакистон ҳудуди 1,6 миллиард киловатт/соат барқ интиқол диҳад, ки нисбат ба соли гузашта 200 миллион киловатт/соат бештар шуд.
Ёдрас мешавем, дар соли 2018 Тоҷикистон ба 77 миллион доллар қувваи барқ содир кард, ки харидорони асосии қувва Узбакистон ва Афғонистон буданд.
Комментарии (0)