Вазир: гуруҳҳои эронӣ созмони террористии наҳзати исломиро дастгирӣ мекунанд
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон мушкили аслиро бо Эрон дастгирӣ ёфтани Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз ҷониби гуруҳҳои сиёсию молии ин кишвар хонд
Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти матбуотӣ Эронро кишвари дӯст хонд, ки бо Тоҷикистон муштаракоти зиёде дораду нахустин шуда, Истиқлолияти кишварро эътироф кард.
Ӯ афзуд, то воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар муносиботи Тоҷикистону Эрон дар ҳамаи бахшҳо ягон мушкил вуҷуд надошт.
Вазири умури хориҷӣ афзуд, баъзе мушкили сиёсӣ дар пайи он ба вуҷуд омаданд, ки бархе гуруҳҳои сиёсию молиявии Эрон ташкилоти террористии ҲНИТ-ро дастгирӣ карданд.
“Мо дар ҳамаи саттҳо бо ҷониби кишвари бо мо дӯст инро баррасӣ мекунем, мутаассифона то ҳол ҳал нашудааст”, - изҳор дошт вазир.
Ӯ бори дигар таъкид намуд, ки Тоҷикистону Эрон фақат дар масъалаҳои сиёсӣ каме мушкилот доранд, ки он ба дастгирии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ аз ҷониби гуруҳҳои алоҳидаи молию сиёсӣ рабт дорад.
Вазири умури хориҷӣ таъкид намуд, ки дар бахшҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ мушкиле ҷой надорад ва ҳозир ҳатто баъзе ширкатҳои эронӣ дар сохтмони бузургтарин пружаи Тоҷикистон – “Роғун” ширкат мекунанд. Ӯ изҳори умед кард, ки дар бахши сиёсӣ низ бо аз байн бурдани мушкилоти зикршуда муносибатҳо боз ҳам хубтар мешаванд.
Комментарии (0)