Боздошти марди 48-сола бо 41 санги қиматбаҳо дар Душанбе

Боздошти марди 48-сола бо 41 санги қиматбаҳо дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 48-сола, сокини ноҳияи Шуғнон хабар дод, ки дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳои табиӣ муттаҳам мешавад

Тибқи иттилои ВУД, муттаҳам аз ҷониби маъмурини милисаи шаҳри Душанбе дастгир шуда, аз ӯ 41 адад сангҳои рангашон гуногун гирифта шуд.

Манбаъ бо такя ба маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Тоҷикистон афзуд, ки аз сангҳои гирифташуда 10 ададашон сангҳои "Ёқут" вазнашон 10,23 грамм, 1 адад санги "Лаъл" вазнаш 1,07 грамм, 25 адад сангҳои "Клиногумит" вазнашон 18,79 грамм, 4 адад сангҳои "Корунд" вазнашон 6,76 грамм ва 1 адад санги "Гранат" вазнаш 4,36 грамм мебошанд.

ВУД вазни умумии сангҳои мусодирашударо 41,32 грамм арзёбӣ карда, афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий