Узбакистон сохтмони 2 нерӯгоҳ дар Тоҷикистонро баррасӣ дорад
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи бунёди муштараки ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо ҷониби Узбакистон мавриди баррасӣ қарор дорад
Аз иштироки Узбакистон дар бунёди ду нерӯгоҳ дар дарёи Зарафшон, Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури ин кишвар моҳи августи соли 2018 дар пайи мулоқот бо ҳамтои тоҷикистонияш Эмомалӣ Раҳмон хабар дод.
Интизор меравад, ки Узбакистон дар сохтмони ду нерӯгоҳ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 320 МВт дар қаламрави Тоҷикистон иштирок кунад.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири парлумон бо ҳузури вазири энергетика, Усмоналӣ Усмонзода, вазъи корҳо дар ин лоиҳаҳоро суол кард.
Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт, ки намояндагони кишвари ҳамсоя ба ҷумҳурӣ омада, аз ҷои бунёди нерӯгоҳҳо низ дидан кардаанд.
“Гурӯҳҳои корӣ дар назди муовини сарвазири ҷумҳурӣ якчанд ҷаласа доир намуданд. Гурӯҳи кории кишвари дӯст аз минтақаҳое, ки дар он ҷо неругоҳҳо бояд бунёд карда шаванд, дидан карданд. Ҳоло масъалаҳои марбут ба бунёди неругоҳҳо баррасӣ шуда истодаанд”, - хабар додааст нашрияи “Садои мардум” аз қавли Усмонзода.
Комментарии (0)