Сафари Раҳмон ба Русия ва дархости Лавров дар мавриди муҳоҷирон аз Тоҷикистон - (навор)

Сафари Раҳмон ба Русия ва дархости Лавров дар мавриди муҳоҷирон аз Тоҷикистон - (навор)

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва ҳамтои русиягияш Сергей Лавров дар пайи мулоқот бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва гуфтушунид дар Вазорати умури хориҷӣ ба расонаҳо гузориш доданд

 Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, зимни мулоқот аз ҷумла омодагиҳо ба сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Русия баррасӣ гардиданд. Ӯ санаи дақиқи ин сафарро нагуфт, аммо аз санадҳое суҳбат кард, ки бояд аз ҷониби роҳбарони Русия ва Тоҷикистон имзо гарданд.

Вазири тоҷик гуфт, дар гуфтушунидҳо бо Лавров аз ҷумла танзими раванди муҳоҷирату осонсозии ҳузури қонунии тоҷикистониён дар Русия баррасӣ гардид.  Вай афзуд, феълан дар ин бахш лоиҳаи созишномаҳо дар ҳоли таҳия қарор доранд, ки интизор меравад аз ҷониби роҳбарони ду кишвар имзо гарданд.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, мо талоши зиёд барои беҳбуди шароити тоҷикистониён дар Русияро равона карда истодаем ва аз ҷониби Тоҷикистон тезондани таҳияи созишномаҳоро дархост кардем.



“Барои тоҷикистониён сабукиҳои зиёде пешниҳод шудаанд, барои самаранокии бештари корҳо ва барои он ки мардум худро беҳтар муҳофизатшуда эҳсос кунанд, аз ҷониби Тоҷикистон дархост кардем, ки таҳиясозии лоиҳаи созишномаҳоро дар ин бахш вусъат бахшанд”, - изҳор дошт Лавров.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Русия лоиҳаи созишномаҳои  мазкур масоили муҳоҷирати меҳнатии муташаккилона, дар бораи "реадмисия", таъминоти нафақавӣ ва мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои бахши муҳоҷират дар қаламрави тарафайнро фаро мегиранд.
Ӯ ҳамчунин аз ҳамкориҳо дар бахши маориф, энергетика, тиҷорат, ҳарбӣ ва амният суҳбат кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий