Кумитаи дин телефони бовариро фаъол кард

Кумитаи дин телефони бовариро фаъол кард
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон барои иртиботи бештар бо мардум телефони бовариро роҳандозӣ кард

Тибқи иттилои Кумитаи дин, ҳадафи иқдом беҳтар намудани равобиту ҳамкорӣ бо ҷомеа, татбиқи босамари қонунҳои соҳавӣ ва дар маҷмӯъ, осон гардидани иртибот бо шаҳрвандони кишвар мебошад.

Ин ниҳод телефони боварии +992-988-20-6666- ро дар ихтиёри сокинони кишвар қарор дода,  таъкид намудааст, ки шаҳрвандон метавонанд тариқи он мустақиман тамос гиранд ё паём фиристанд.

Кумита таъкид намудааст, ки рақами 988-20-66-66 инчунин аз тариқи паёмрасонҳои имо, вайбер ва вотсапп ҳам дастрас мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий