Вуруди 6 техникаи 60 ҳазор долларӣ ба Хоруғ: 15 адади дигар дар роҳ – акс
Ҳукумати ВМКБ мегӯяд, имрӯз 6 боркунаки фронталии арзиши ҳар кадомашон 60 ҳазор доллар вориди шаҳри Хоруғ гардиданд
Тибқи иттилои манбаъ техникаи мазкур бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ворид шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ қабул гардиданд.
Дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ афзуд, инчунин бо дархости раиси Хоруғ аз ҷониби шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ ба Хоруғ як автогрейдер ва як мошини бисёрфунксионалӣ тақдим шуд.
“Рӯзҳои наздик боз 15 техникаи роҳсозӣ вориди ВМКБ хоҳанд шуд”, - иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.
Комментарии (0)