Интихобот: 98% ба ҷонибдории Ёдгор Файзов раъй додаанд
Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи раиси раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ интихоб гардидааст
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, Файзов 3 – феврал аз ҳавзаи интихоботии Аличур №60 бо тарафдории 98 дарсади овоздиҳандагон вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон гардид.
Акнун дар назар аст, ки номзадии Файзов ба мақоми узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳод гардад ва ӯ ҷойгузини Шодихон Ҷамшед дар мақоми муовини раиси Маҷлиси миллӣ шавад.
Аъзои Маҷлиси миллӣ охири декабри 2018 Шодихон Ҷамшед, муовини раиси Маҷлиси миллиро барои фаъолияти парсамар бо Ифтихорномаи Маҷлиси миллӣ қадрдонӣ намуда, бинобар ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқат намекунад, ваколаташро пеш аз муҳлат қатъ намуданд.
Шодихон Ҷамшед, собиқ раиси ВМКБ ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ ахиран аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми муовини вазири тандурустии кишвар таъин гардид.
Комментарии (0)