Сатторов: дар фурудгоҳҳои Маскав дигар шаҳрвандони Тоҷикистон намондаанд

Сатторов: дар фурудгоҳҳои Маскав дигар шаҳрвандони Тоҷикистон намондаанд
Имомуддин Сатторов - сафири Тоҷикистон дар Русия, дар бораи вазъияти шаҳрвандони дармондаи Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Маскав гуфт

 То дирӯз дар фурудгоҳи Домодедово 110 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доштанд, хабар дод Имомуддин Сатторов - сафири Тоҷикистон дар Русия.

Дар дигар фурудгоҳҳои Маск аз рӯзи 26 март то кунун ягон шаҳрванди Тоҷикистон набуд, афзуд сафир.

"Пас аз он, ки фурудгоҳҳо қисман баста шуданд, мо аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш кардем, ки "Домодедово" - ро тарк  кунанд. Дар умум барои интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон ҳафт парвози вижа анҷом дода шуд: аз фурудгоҳҳои "Домодедово", "Жуковский", "Внуково" ва ҳамчунин 32 мусофири дармонда аз фурудгоҳи "Шереметево" ба Ватан фиристода шуданд", - нақл кард Сатторов.

Қисми дигар он нафароне мебошанд, ки ба умеди парвоз ба Тоҷикистон аз дигар манотиқи Русия ба Маскав омада буданд.

Ҳамаи тоҷиконе, ки дар фурудгоҳи "Домодедово" монда буданд дар манзилҳои хешу ақрабо ва бархе ҳам аз ҷониби Сафорат ҷо ба ҷо карда шуданд, гуфт Сатторов.

Комментарии (0)

Оставить комментарий