Созмони "Нур" хабари ошкор шудани се ҳолати коронавирус миёни тоҷикони Маскавро рад кард

Созмони "Нур" хабари ошкор шудани се ҳолати коронавирус миёни тоҷикони Маскавро рад кард
Кумитаи тандурустии Созмони ҷамъиятии "Нур" овозаҳои ошкор шудани се ҳолати гирифторӣ ба коронавирусро миёни зодагони Бадахшон, шарҳ дод

 Броимшо Маҳмадшоев дилпизишк ва ёвари тиббии Созмони "Нур", рӯзи 29 март дар суҳбат гуфт, то ҳол миёни муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ӯ овозаҳои сироят шудани се сокини ВМКБ-ро, ки гӯё дар беморхонаи "Коммунарка" - и Маскав дар ҳолати вазнин қарор доранд, беасос хонд. 

"То имрӯз миёни зодагони ВМКБ дар Маскав ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси CОVID -19 сабт нашудааст. Ҳамаи овозаҳо оиди бемор будани ҳамшаҳриҳо бардурӯғ ва беасос ҳастанд. 9 нафар аз муҳоҷирон аз ҷумла се кӯдак дар воқеъ таҳти назорати пизишкон қарор доранд, вале аксари онҳо бо нишонаҳои илтиҳоби шуш, ҳарорати баланд ва зуком бистарӣ шудаанд ва ягон нафаре аз онҳо дар беморхонаи "Коммунарка" нестанд", - гуфт Броимшо Мамадшоев.

Ӯ афзуд, аз нӯҳ нафаре, ки дар беморхонаҳо ҳастанд - 2 нафар дар табобатхонаи № 15, 1 нафар дар бемористони сироятии №1, ду нафар дар бемористони №68, як нафар дар беморхонаи № 13, се кӯдак  дар беморхонаи Морозовский ва як бемор дар табобатхонаи №67 таҳти назорати пизишкон қарор доранд.

Мамадшоев гуфт, мардум набояд ба суханҳои бофта бовар кунанд, балки ба омори расмӣ такя намоянд.


Ӯ ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки агар муҳоҷирон дар худ нишонаҳои дарди сар, сулфа, дилбеҳазӯрӣ, нафаскашии вазнинро эҳсос кунанд бояд ба ёрии таъҷилӣ занг зананд.

Дар баробари ин, манбаъ афзуд, ки агар муҳоҷир қоидаҳои буду бошро вайрон карда бошаду ҳуҷҷатҳояш нодуруст бошанд ҳам, набояд бемориашро пинҳон кунад.

Мамадшоев ҳамчунин гуфт, дар ҳама маврид муҳоҷирон метавонанд ба Созмони "Нур" муроҷиат кунанд.

Ёдрас мешавем, ки мувофиқи қарори президенти Русия Владимир Путин аз 28 март то 5 апрел ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар ҳудуди Федератсияи Русия карантин эълом шудааст. 

Броимшо Мамадшоев қайд кард, ки бо қадри имкон муҳоҷирон набояд манзили зисташонро тарк кунанд ва бояд карантинро риоя кунанд, то худ ва наздиконашонро дар хатар нагузоранд.

Тибқи омори расмӣ, то 29 март шумораи умумии мубталоёни коронавирус дар Русия ба 1534 кас расид.

Пандемияи коронавирус

Коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин зуҳур кард ва зуд дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии беҳдошт ин бемориро пандемия эълом кард.

То рӯзи 29 март дар 199 кишвари ҷаҳон 663,8 ҳазор кас мубталои ин беморӣ шудааст. Беш аз 30,8 нафар қурбони ин вирус шуд.

Ва хушбахтона беш аз 142,3 ҳазор кас аз он шифо ёфт.

Комментарии (0)

Оставить комментарий