Тобути муҳоҷирони тоҷикро аз Русия бепул меоранд?
Ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр", ягона ширкати давлатии ҳавопаймоии Тоҷикистон, ки ҷасади муҳоҷирони фавтидаро бепул аз Русия ба ватан меовард, тақрибан як моҳ боз аз парвоз мондааст. Ширкатҳои дигар барои интиқоли ҷасадҳо пул мегиранд.
"ҲАР РӮЗ ТОБУТ МЕФИРИСТЕМ"
Чанде аз корбарони Радиои Озодӣ ва корафтодаҳо аз мо пурсиданд, ки акнун ҷасади муҳоҷиронро аз кадом тариқ бепул фиристодан мумкин аст? Масъулони ширкати "Сомон Эйр", ки ҳаққи парвозҳои ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр"-ро ба шаҳрҳои Русия соҳиб шудааст, дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳоло масъулияти ройгон кашондани тобути муҳоҷирон бар дӯши онҳост.
Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар шаҳри Маскав, рӯзи 2-юми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳар ҳафта тақрибан барои ба Тоҷикистон фиристодани се-чаҳор ҷасад кумак мекунад. Ӯ гуфт, аз матбуот дар мавриди мушкилоти "Тоҷик Эйр" ва аз парвоз мондани ҳавопаймоҳояш огоҳ шуданд ва дар фикр афтоданд, ки акнун тобутҳоро чӣ гуна мефиристанд.
"Ҳафтаи гузашта ҷасади як ҳамватанамонро бояд ба Тоҷикистон мефиристодем. Бо консулгарӣ дар тамос шудем, ки вақте “Тоҷик Эйр” парвоз намекунад, чӣ ширкат масъулияти интиқоли ҷасадҳоро дорад? Гуфтанд, ки “Сомон Эйр”. Мо низ ба ин ширкат муроҷиат кардем ва намояндагонаш барои интиқоли ҷасад кумак карданд”, - афзуд ӯ.
Темур Бандишоев, роҳбари дафтари матбуотии “Сомон Эйр” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкат давоми соли гузашта низ "190 ҷасади шаҳрвандонро ройгон ба Тоҷикистон овардааст".
Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон барои интиқоли ҷасади шаҳрвандон аз хориҷа дар будҷаи кишвар маблағ ҷудо карда буд. Ҳоло маълум нест, мақомот ба ширкатҳо барои бепул кашондани ҷасади муҳоҷирон чӣ қадар кумак мекунад. Ба ин суол дар ширкати "Сомон Эйр" ҳам посух надоданд.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз пайвандон ва наздикони афроди фавтида мегӯянд, ки интиқоли тобут аз хориҷа ба ватан осон нест. Бахусус, ба гуфтаи онҳо, ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” на ба ҳама шаҳрҳои Русия парвоз анҷом медиҳанд ва ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ ҷасадҳоро ройгон намебаранд.
ЯК ТОБУТ - 45 ҲАЗОР РУБЛ?
Ҳавопаймоҳои ширкатҳои русӣ, ки ба Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳанд, аз ҷумла “Уралские авиалинии”, “Ютейр” ва “Сибирские авиалинии” барои интиқоли ҷасад пул мегиранд. Ба гуфтаи корафтодагон нархи интиқоли як ҷасад баробар ба нархи се билети ҳавопаймо будааст. Бинобар нархи ҳозираи билетҳо, ин тақрибан 45 ҳазор рубли русӣ, муодили тақрибан 700 доллари амрикоӣ аст.
Абдулло Каримов, роҳбари ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Тюмен, гуфт, як сол инҷониб ҳеҷ ширкате аз ин шаҳр ба сӯи Тоҷикистон парвози мустақим анҷом намедиҳад, ки интиқоли ҷасадҳоро мушкил кардааст.
Ӯ гуфт, "шаҳри наздиктарине, ки аз он ҷо ба Тоҷикистон парвоз ҳаст, Екатеринбург аст. Вале аз ин шаҳр ҳавопаймоҳои “Уралские авиалинии” парвоз мекунад ва барои интиқоли ҷасад пул мегирад. Мо аввал пулро дар хазинаи ширкат месупорем, баъд ҷасадро қабул мекунанд".
ҶАМЪОВАРИИ ПУЛ БАРОИ ФИРИСТОДАНИ ҶАСАДҲО
Каримов афзуд, чун ҳодисаҳои маргу мир сари чанд вақт рух медиҳад, онҳо бо чанде аз ширкатҳои дафн дар Русия иртибот барқарор кардаанд ва ҳангоми пеш омадани чунин ҳолатҳои нохуш зуд санадҳоро омода карда, ҷасадро ба Екатеринбург интиқол медиҳанд.
“Мо боре ҳам барои интиқоли ҷасад аз муҳоҷирони оддӣ пул ҷамъ накардаем. Чанд ҳамватани хайрхоҳ ва доро ҳастанд, ки дар сурати пеш омадани зарурат ба онҳо муроҷиат мекунем ва онҳо ёрдам мекунанд”, - иброз дошт Абдулло Каримов.
Дар ҳамин ҳол, тақрибан ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълони ҷамъоварии пул барои интиқоли тобути муҳоҷирон аз Русия ба ватан нашр мешавад. Ин мушкил танҳо хоси муҳоҷирони тоҷик дар Русия нест. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои интиқоли тобути муҳоҷирон аз Куриёи Ҷанубӣ ва Олмон низ ҷамъоварии пул сурат гирифтааст.
ҲАР СОЛ САДҲО МУҲОҶИР... МЕМИРАД
Як пажӯҳиши созмони “Муҳоҷирони кории тоҷик” дар Маскав соли 2013 нишон дода буд, ки 80 дар сади муҳоҷирон дар Русия бинобар бемориҳои гуногун дар ғурбат мефавтанд ва 2 дар сади дигар қурбони ҳамлаҳои нажодпарастон мешаванд.
Бино ба омори ғайрирасмӣ, ҳар сол садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар ғурбат ба иллатҳои мухталиф аз олам чашм мепӯшанд.
Мақомоти Русия мегӯянд, то як миллион аҳолии Тоҷикистон дар он кишвар кору иқомат доранд. Аксари онҳо ба далели бекорӣ дар ватан, ки аз мушкили умдаи сокинони Тоҷикистон аст, роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд.
Сарчашма: https://www.ozodi.org/a/29746675.html
- "Тоҷик Эйр" соли 2008 муваззаф шуда буд, ки ҷасади муҳоҷирони тоҷикро аз Русия ройгон биорад. Ҳар сол даҳҳо муҳоҷири тоҷик бар асари беморӣ, ҳодисаҳои нохуш ва латту кӯб дар Русия мефавтанд. Бархеи онҳоро дар хоки Русия дафн карда, ҷасади аксарияташонро ба ватан меоранд.
Мо аввал пулро дар хазинаи ширкат месупорем, баъд ҷасадро қабул мекунанд

Комментарии (0)