"Фароз” мегӯяд, ки озмоишгоҳҳои тиббӣ ташкил накардааст (НАВОР)
ҶСП “Фароз” мегӯяд, ки ин ширкат лаборатория ё озмоишгоҳҳои гузаронидани ташхисҳои тиббӣ ташкил накардааст.
Посухи раҳбарияти “Фароз” ба як матлаби Радиои Озодӣ аст, ки рӯзи чоршанбе дар паи нишасти хабарии раҳбарияти Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон нашр шуд. Дар ин нишаст масъулони ин сохтор бори аввал дар мавриди нархи баланди "Маълумотномаи тиббии рақами 26" изҳори назар карданд, ки мавриди шикояти бисёр сокинони кишвар шудааст. Арзиши ин санади тиббӣ тобистони соли 2018 – тахминан 80 сомонӣ (наздики 10 доллар) муқаррар шуд, дар ҳоле ки дар гузашта бар ивази 10 ё 15 сомонӣ дода мешуд.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт...
Талаби озмоиши тиббӣ ва доштани "Маълумотномаи рақами 26" бештар аз волидони кӯдаконе тақозо мешавад, ки барои шомил шудан ба муассисаҳои тарбияи томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ариза медиҳанд.
Назар Одиназода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 30-юми январ дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, ширкати "Фароз" нархномаи ташхисгоҳҳои тиббиро бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа накардааст. Ӯ афзуд, "ба хадамот пешниҳод нашудаанд. Дар ин масъала бо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва ширкатҳои тобеи "Фароз" созишнома баста шудааст."
[media=https://flashvideo.rferl.org/Videoroot/Pangeavideo/2019/01/9/92/9234a384-a2be-4848-853c-45bf6db00b0e_manifest.mpd]
Раддияи катбии раҳбарияти ширкати «Фароз» ба изҳороти мақомоти Хадамоти зиддиниҳисорӣ дар ҳолест, ки августи соли 2018 намояндагони ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нархномаи таъиншуда ба маълумотномаи тиббӣ тасмими ин ширкат нест ва аз ҷониби сохторҳои зидахл таъин шудааст.
Лабораторияҳои марбут ба ҶДММ «Беҳдоштӣ» аст...
Дилором Раҳимова, сухангӯи ширкати "Фароз" рӯзи 17-уми августи соли 2018 ба Радиои Озодӣ дар робита ба нархи гарони муоинаи тиббӣ дар маркази "Беҳдоштӣ" гуфта буд, ки нархномаро на ширкати "Фароз", балки вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоӣ таъин кардааст.
Дилором Раҳимова дар идома гуфта буд, ки "ҳамаи қимати расидҳо (квитансияҳо) барои маълум кардани хун ва дигар навъҳои муоинаҳоро Вазорати тандурустӣ мушаххас кардааст ва ба ширкати "Фароз" ва ё ба худи лабораторияҳо рабт надорад. Ширкати "Фароз" бо назардошти ташхиси дақиқи кӯдакон лабораторияҳоро бо таҷҳизоти замонавӣ ва муосир таъмин намуда ва дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру баъзе навоҳии кишвар чунин ташхисгоҳҳои "Беҳдоштӣ"-ро ба роҳ мондааст."
Рӯзи 1 феврал ҳам дар вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки лабораторияҳои ташхисӣ марбут ба ширкати ҶДММ «Беҳдоштӣ» мебошад.
Вале дар «Маълумот аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ»-и Кумитаи андози Тоҷикистон иттилоъ дода шудааст, ки ҶДММ «Беҳдоштӣ» феврали соли 2017 таъсис шуда, муассисаш ҶСП «Фароз» мебошад ва дар сохторҳои андоз таҳти рақами 0310018244 ба қайд гирифта шудааст.
Нархи баландшудаи маълумотномаи тиббиро вазорати беҳдошт ҳеҷ гоҳ шарҳ надодааст.
600 лабораторияи замонавӣ барои ташхиси бемориҳо
Июли соли 2017 Ширкати “Фароз” дар Тоҷикистон беш аз 600 лабораторияро барои ташхиси бемории сокинон фаъол кард. Ин ташхисгоҳҳо умдатан дар назди бемористонҳои давлатӣ ҷой гирифтанд. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон он замон гуфтанд, ки ташхисгоҳҳо дар доираи қонун “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” фаъолият мекунанд. Яъне, давлат барои фаъолияти ин ташхисгоҳҳои хусусӣ дар дохили бинои бемористонҳо ҷой медиҳад.
[media=https://flashvideo.rferl.org/Videoroot/Pangeavideo/2017/07/7/78/7811b77d-4966-4c65-82a8-1cf9b4513ae4.mp4]
Тиҷорати ташхиси вазъи саломати инсон дар Тоҷикистон аз пурдаромадтаринҳост. Қиммати як ташхис дар чунин лабораториҳо аз 40 то ба 600 сомонӣ нарх дорад. Ҳарчанд ширкати “Фароз” дар бозори ташхис танҳо нест ва чандин ширкатҳои дигар ба мисли “Нурафзо”, клиникаи Ибни Сино низ вориди бозор ҳастанд. Аммо “Фароз”, ки бо беш аз 600 ташхисгоҳ вориди ин бозор шудааст, бахши аъзами онро зери даст дорад.
Монополист кист?
Дар нишасти хабарии Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 30 январ ба мақомоти ин ниҳод инчунин дар мақоми ширкати "Фароз" ҳам суол шуд. Ба суоли баъдии хабарнигорон дар бораи ин ки то куҷо Хадамоти зиддиинҳисорӣ бо ҳамин нархномаи “Фароз” розӣ буда метавонад, Одиназода гуфт: “Мо таҳлил мегузаронем ва хидматрасониро месанҷем. Бар асоси қонунугузорӣ субъектҳое, ки хусусияти ҳукмфармоӣ (монополия) доранд, месанҷем ва дар феҳрасти хадамот сабт карда, таҳти назорат қарор медиҳем”.
Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Фароз" соли 2008 таъсис шудааст. Ин як ширкати бисёрсоҳавӣ буда, дар бозори фурӯши маводи сӯхт, истеҳсоли шираи камол, содир кардани шиносномаҳои ронандагиву рақамҳои давлатии мошинҳо, истеҳсоли позаҳр, туризму ҷаҳонгардӣ, сохтмон, конҳои фоиданок, хадамоти тиббӣ ва бахшҳои зиёди дигар ҳузури густурда дорад.
Журналистони Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP)дар як гузориш дар моҳи июни соли 2018 гуфтанд, ширкати “Фароз” мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон буда, як ширкати монополист дар бозори Тоҷикистон аст ва назоратро бисёр соҳаҳои сердаромади кишвар дар ихтиёр дорад. Вале дар манбаъҳои бози расмӣ номи ӯ ба ҳайси раҳбари “Фароз” зикр намешавад. Худи ширкат он замон ба ин гузориш ҳеҷ вокунише накард. Вале Назар Одиназода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар ин замина гуфт: "Фароз" ҳанӯз ба як ширкати ҳукмфармо ё худ монополист табдил нашудааст, зеро дар соҳаҳои мухталиф ширкатҳои зертобеи он ба фаъолият машғул ҳастанд. Ӯ мегӯяд, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон ҳар ширкат ҳақ дорад дар ҳамкорӣ бо ширкату корхонаҳои дигар ва бо номи фарқкунанда корхонае созмон диҳад ва дар дилхоҳ соҳа кори худро пеш барад. Вай гуфт, "ҳоло ширкати "Фароз" дар феҳрасти ширкатҳои монополисти Тоҷикистон ҷой надорад".
Сарчашма: https://www.ozodi.org/a/faroz-protests-about-medical-laboratories-/29745834.html
- Дар як “раддия”-аш ба гузориши Радиои Озодӣ аз рӯзи 30 январ, ки бо номи “Хадамот: "Фароз" нархи маълумотномаи тиббиро бо мо мувофиқа накард”, директори генералии ҶСП “Фароз” А.А.Қосимов навиштааст, ки изҳороти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон “асоси ҳуқуқӣ надорад”.

Комментарии (0)