Дар Душанбе "метрои ҳавоӣ" месозанд, дар соли 2040
Аввалин хати метрополитен дар Душанбе "ҳавоӣ" мешавад, мегӯянд масъулини шаҳрдории Душанбе
Аввалин хати метрои ҳавоӣ дар Душанбе дар охири соли 2040 ба кор медарояд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон дар истинод ба шаҳрдории Душанбе хабар медиҳанд.
Аввалин хати метрополитен "ҳавоӣ" мешавад ва дарвозаи ҷанубии Душанберо бо Сирки шаҳр пайваст мекунад, гуфтаанд аз шаҳрдорӣ.
"Феълан коршиносон бунёди метрои зеризаминиро дар пойтахт таҳқиқ мекунанд", - афзудаанд аз шаҳрдорӣ.
Бархе аз сокинони Душанбе пешиниҳод кардаанд, ки аз фурудгоҳи Душанбе то бозори "Корвон" як хати метро ва аз Сирк то маҳаллаи Зарафшон як хати метро бунёд шавад.
Метрои Душанбе севумин метро дар Осиёи Марказӣ мешавад.
Ҳоло дар Тошканд ва Алмаато ба сокинон баробари дигар нақлиёт, метро низ хизматрасонӣ мекунад.
Сарчашма: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190201/1028145891/Dar-Dushanbe-metroi-avo-mesozand-dar-soli-2040.html
Комментарии (0)