Дар Душанбе масъалаи демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Узбакистон баррасӣ шуд
Ахиран дар пойтахти Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳҳои кории муштараки демаркатсионии ҳайатҳои Ҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон баргузор шуд
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, санаҳои 21-27 январи соли равон дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории муштараки демаркатсионии ҳайатҳои Ҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Манбаъ таъкид намудааст, ки дар рафти музокирот ҷонибҳо санадҳои меъёриву техникиро доир ба демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Узбакистон таҳия намуданд.
Инчунин, манбаъ афзудааст, ки пас аз анҷоми вохӯрӣ миёни гурӯҳҳои корӣ Протокол ба имзо расид.
Ёдрас мешавем, ки дар моҳи апрели соли гузашта парлумони созишномаи байни Тоҷикистон ва Узбакистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи марзи давлатии кишварҳоро, ки моҳи март ҳангоми сафари раисҷумуҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон имзо шуда буд, тасвиб кард.
"Созишномаи мазкур таъйин ва аоматгузории сарҳади давлатиро дар масофаи беш аз 192 километр дар бар мегирад. Айни замон танҳо як қитъа дар сарҳади байни Тоҷикистону Узбакистон мувофиқанашуда боқӣ мондааст", — иттилоъ дод ба вакилон, муовини аввали вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ.
Макони мувофиқаношуда танҳо 2 килуметр роҳест, ки назди нерӯгоҳи Фарҳод дар вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Сирдарёи Узбакистон ҷой гирифтааст. Дар ин мавзеи баҳсбарангез биное ё маҳалле набуда, онро ҳамчун партовгоҳ истифода мебаранд.
Марз байни Тоҷикистону Узбакистон 1,33 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар сарҳади Тоҷикистону Узбакистон наздики 20%-и хати марзи ин ду кишвар нотақсим монда буд.
Комментарии (0)