Ҳукумат саҳмияҳоро аз мардум мехарад

Ҳукумат саҳмияҳоро аз мардум мехарад
Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1"-ро аз мардум мехарад. Давлати Тоҷикистон соли 1996 бо нияти сармоягузории нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар ноҳияи Данғара ҷамъияти саҳомӣ ташкил дода ва саҳмияҳои онро ба мардум фурӯхта буд.

Саҳмияҳои нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" соли 1996 бо нархи номиналии 3 ҳазор рубл (воҳиди пулии ҳамонвақтаи Тоҷикистон, ки аз рубли русӣ бо надоштани аломати ҷудоӣ фарқ мекард) фурӯхта шуд.

Дар Оҷонсии рушди коғазҳои қиматбаҳои Вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, харидории саҳмияҳои нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" аз мадум бар асоси қарори ҳукумат сурат мегирад. Барои харидории саҳмияҳо аз будҷаи давлат 10 миллион сомонӣ, муодили беш аз 1 миллион доллар, ҷудо шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон арзиши 3 ҳазор рубли соли 1996-ро 10 доллар бозҳисобӣ кардаанд ва онҳое, ки дар даст саҳмияҳои "Сангтӯда-1"-ро доранд, метавонанд ҳар саҳмияи худро ба давлат фурӯхта, 10 доллар бигиранд.

Теъдоди саҳмияҳои фурӯхташударо мақомот ошкор намекунанд, аммо он замон давлат аз фурӯши ин саҳмияҳо 500 ҳазор доллар ба даст оварда буд, ки бояд барои сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" сарф мешуд.

Тибқи қарори ҳукумат хариди саҳмияҳо тавассути бонки давлатии "Амонатбонк" ба роҳ монда мешавад ва бо ҳамин ҷамъияти саҳомии "Сангтӯда-1" барҳам дода мешавад.

Айни замон тақрибан 75 дар сади саҳмияҳои нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар дасти ширкатҳои давлатии давлатии Русия – "Росатом" ва "Интер РАО ЕЭС" ва 25 дар сади дигар дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дорад. Сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" соли 2006 оғоз ёфта, соли 2009 ба анҷом расид.

Комментарии (0)

Оставить комментарий