Вазир дар бораи кӯчондани зиндон аз маркази Душанбе ва ошӯби маҳбусон дар Хуҷанд
Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, ниҳоди масъули зиндонҳои кишвар гуфт, дар бораи тафсилоти ошӯби зиндониён дар Хуҷанд, ки моҳи ноябри 2018 рух дод, худаш ҳам иттилои дақиқ дастрас накардааст
Вазири адлияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, феълан таҳқиқи ошӯби зиндониён дар Хуҷанд аз ҷониби Додситонии кулл идома дорад ва тафсилот баъди анҷоми таҳқиқот ироа хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи вазир феълан аз мақомоти тафтишотӣ гузориши дақиқе дастрас накардаанд ва шарҳи ин қазия дар ҳоле, ки тафтишот идома дорад, дуруст нест.
Дар мавриди омори кушташудагон, ки қаблан шумораи зиддунақиз нашр гардида буд, Рустами Шоҳмурод изҳороти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистонро зикр кард.Тибқи изҳороти вазири умури хориҷӣ, ҳангоми ошӯби шаби 8 ноябр дар зиндони Хуҷанд, 21 маҳбус безарар гардонида шуд, ки бештарашон барои терроризм маҳкум шуда буданд.
Рустами Шоҳмурод дар мавриди зиндони маркази Душанбе, афзуд, ки ба зудӣ он тахриб ва маҳбусон ба зиндони навбунёд дар шаҳри Ваҳдат кӯчонда хоҳанд шуд.
Вазири адлия теъдоди умумии зиндониёнро дар Тоҷикистон ҳудуди 12 ҳазор нафар гуфт.
Комментарии (0)