Наврасон дар Хоруғ тирпарронию пӯшидани ниқоби газиро тамрин мекунанд
Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз оғози моҳвораи бозиҳои варзишию ҳарбӣ дар макотиби миёнаи Хоруғ иттилоъ дод
Исматулло Назиров, муовини раиси ташкилоти мазкур ҳадафи ташкили бозиҳоро миёни хонандагони синфҳои болоии макотиби миёна таҳкими дониши назариявию амалии низомӣ ва тарбия дар руҳияи ватандӯстӣ хонд.
“Зеро баъди як ё ду сол ин наврасон ба хизмати Ватан-Модар раҳсипор мегарданд ва агар ҷисману рӯҳан солим ва бо техникаи ҳарбӣ шинос бошанд, зимни хизмат ҳеҷ душворӣ нахоҳанд кашид”, - изҳор доштааст Назиров.
Ба иттилои манбаъ дар ин бозиҳо хонандагон ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, аз намудҳои ҷудо ва бо ҳам пайваст кардани автомати Калашников, дастхобонӣ, турниккашӣ, тирпарронӣ ва ба рӯй кашидани ниқоби газӣ сабқат намуданд.
Исматулло Назиров таъкид кардааст, ки бахшида ба Рӯзи артиши миллӣ шумораи барномаҳояшонро боз ҳам густариш медиҳанд.
Бозиҳои варзишию ҳарбӣ то 23 феврал идома меёбанд ва ғолибони мусобиқа дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз мегарданд.
Моҳвораи маҳфилҳои гуногуни маърифатӣ ва бозиҳои варзишию ҳарбӣ ҳамасола аз 23 январ то 23 феврал дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат баргузор мешаванд.
Комментарии (0)