Варзишгарони Тоҷикистон дар Қазоқистон рекорди миллӣ гузоштаанд
Варзишгарони Тоҷикистон дар 5-умин мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаҳои қаҳрамони олимпӣ Олга Рипакова дар Уст-Каменогорски Қазоқистон сазовори ду медал гардиданд
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар қувваозмоии дав ба масофаи 800 метр миёни мардон Одилшоҳ Исматов бо натиҷаи 1:53.39 сазовори медали нуқра шуд. Ӯ аз ҳарифи узбакистониаш Хуршед Аҳмадалиев 19 сония қафо монд.
Манбаъ афзуд, дар дав ба масофаи 400 метр миёни бонувон Кристина Пронженко бо натиҷаи 55.72 медали биринҷӣ ба гардан овехт. Ҳар ду варзишгар рекорди нави Тоҷикистонро гузоштанд.
Илдар Аҳмадиев дар қувваозмоии дав ба масофаи 60 метр миёни мардон ҷои ҳафтум бо натиҷаи 01.03.00 дақиқа, дар ҷаҳиш ба дарозӣ ҷои панҷум 6.89 метр, Меҳрубон Шамсиддинов дар масофаи 3000 метр ҷои ҳафтум бо натиҷаи 16.11.95 дақиқаро ишғол намуданд.
Дар мусобиқа, ки аз рӯи 10 қувваозмоӣ – ҷаҳиши секарата, ҷаҳиш ба баландӣ, ҷаҳиш ба дарозӣ, дав ба масофаҳои 60м, 400м, 800м, 3000м ва 60м бо монеа, ҷаҳиш бо найзачӯб ва эстафета 4х200м баргузор шуд, беш аз 300 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Узбакистон ва Украина ширкат намуданд.
Комментарии (0)