Кӯдаконро бо ришва ба боғча қабул мекунанд

Кӯдаконро бо ришва ба боғча қабул мекунанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Марии Туркманистон имрӯзҳо қабули кӯдакон ба боғча идома дорад. Волидон аз навбатпоиҳои тӯлонӣ дар пушти дари муассисаҳо ва тамаъҷуии масъулони боғчаҳо шикоят доранд.

«Волидон барои навбат гирифтан ба идораи маорифи маҳали зисти худ муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои лозимиро пешниҳод мекунанд. Вале агар ришва надиҳанд, навбаташон то як сол идома хоҳад ёфт. Навбати бархе аз волидон ба маҳзи дарёфти шаҳодатномаи таваллуди фарзандашон фаро мерасад, вале бархеҳо наметавонанд фарзанди 3-4-солаашонро ба боғча супоранд», — мегӯянд сокинон.

Ба гуфтаи онҳо, агар ришва диҳанд, навбаташон хеле зуд меояд. «Барои он ки фарзандат ба боғчаи ноҳия қабул шавад бояд аз 400 то 1000 манат ($114-285) ришва диҳӣ. Вале агар ба боғчаи шаҳрӣ бошад маблағи ришва аз 1000 то 2000 манат ($285-570) хоҳад буд», — изҳор дошт яке аз волидон ба шарти ифшо нашудани номаш.

Сокинони Туркманистон мегӯянд, сабаби асосии тамаъҷӯӣ норасоии ҷой дар боғчаҳо аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий