Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон
Душанбе, 22 январи соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бинобар сабаби ба анҷом расидани рисолати дипломатӣ дар кишвар Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Сейтимовро ба ҳузур пазируфт.
Ба Н.Сейтимов барои саҳми арзандааш дар тақвияти муносибатҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори сипос карда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот, Сироҷиддин Муҳриддин ба Н.Сейтимов комёбиҳо дар фаъолияти минбаъда таманно карда, изҳори боварӣ намуд, ки муносиботи Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд ҳам рушд хоҳанд ёфт.
Комментарии (0)