Даромади Тоҷикистон аз ҳисоби содироти барқ ба Узбакистону Афғонистон афзоиш ёфт
Дар соли 2018 даромади Тоҷикистон аз ҳисоби содироти барқ 23,5 миллион доллар ё ба 44,1 дарсад зиёд шуд. Харидорони асосии барқи Тоҷикистон Афғонистону Узбакистон арзёбӣ мешаванд
Тоҷикистон дар соли 2018 ба маблағи 77 миллион доллар қувваи барқ содир кардааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли қаблӣ 44,1 дарсад зиёд будааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.
“Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2017 ба 23,5 миллион доллар ё 44,1 дарсад зиёд мебошад”, - иттилоъ додааст Ожонсии омори Тоҷикистон.
Кишварҳои асосии харидори барқи Тоҷикистон Афғонистон ва Узбакистон дониста шудааст.
Дар соли 2018 неругоҳҳои барқи обии кишвар наздик ба 18,4 миллиард кВт/с барқ тавлид карданд. Дар ҳамин ҳол беш аз 1,3 миллиард кВт/с барқ аз ҳисоби марказҳои барқу гармидиҳии кишвар тавлид шудааст.
Тавлиди барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ дар соли 2018 нисбат ба соли гузашта 7,2 дарсад афзоиш ёфтааст. Инчунин, тавлиди барқ аз тарафи марказҳои барқу гармидиҳии кишвар дар ин давра 37,4 дарсад афзоиш ёфтааст.
Комментарии (0)