“Дар бухоро ба Бухоро меравам”: назари душанбегиҳову тошкандиҳо доир ба номи нави моҳҳои сол

“Дар бухоро ба Бухоро меравам”: назари душанбегиҳову тошкандиҳо доир ба номи нави моҳҳои сол

Одамон дар кӯҷаҳои ҳарду шаҳр доир ба пешниҳоди ивази номи моҳҳои тақвим изҳори назар карданд.


Рӯзноманигорон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон – Амруллоҳи Низом ва Асрор Мӯъмин пешниҳод намуданд, ки номи моҳҳои тақвими ҳозира ба номҳои ҷавобгӯи арзишҳои миллии кишварҳо иваз карда шавад.

Ҳарду рӯзноманигор ҳам мутмаинанд, ки моҳҳои тақвим бояд ба ифтихори шахсиятҳои таърихӣ ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ табдили ном кунанд.

Танҳо як моҳи тақвимҳои пешниҳодкардаи онҳо якхелаанд: Низом моҳи ноябрро Сино номидаву Асрор онро ба моҳи август нисбат додааст.
Дар гузориши видеои мо бо фикру ақидаҳои сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ин хусус шинос шавед.

Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.


Комментарии (0)

Оставить комментарий