Путин ҷонибдорӣ кард: Русия ба муҳоҷирони кишварҳои узви ИИУО нафақа медиҳад

Путин ҷонибдорӣ кард: Русия ба муҳоҷирони кишварҳои узви ИИУО нафақа медиҳад
Тибқи созишнома ҳар як кишвари узви Иттиҳоди Иқтисодии УрОсиё ҳаққи бознишастагиро мувофиқи қавонони кишвари худ ва таҷрибаи кории муҳоҷир муайян мекунад

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин созишномаи таъмини сокинон-кормандони давлатҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии УрОсиёро бо нафақа ҷонибдорӣ кард.

Қарори мазкур дар портали интернетии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

"Пешниҳоди ҳукумат дар бораи таъмини кормандони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии УрОсиё бо ҳаққи бознишастагӣ қабул шуд", - омадааст дар хабарнома.

Дар баробари ин президент ба Вазорати меҳнат ваколат додааст, то зимни баррасии тарҳи ин қонун тавонад ба он тағйиру иловаҳо ворид кунанд.

Тибқи созишнома, ҳар як кишвари узви Иттиҳоди Иқтисодии УрОсиё ҳаққи бознишастагиро мувофиқи қавонони кишвари худ ва таҷрибаи кории муҳоҷир муайян мекунад.

Агар таҷрибаи кории муҳоҷир барои гирифтани ҳаққи бознишастагӣ камӣ кунад, дар чунин ҳолат таҷрибаи кории ӯ дар дигар кишвари узви Иттиҳоди Иқтисодии УрОсиё ба назар гирифта мешавад. Истисно ҳолатҳоест, ки таҷрибаи корӣ дар ҳарду кишвар дар як вақт сабт шуда бошад.

Дар баробари ин дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки барои муайян кардани маъюбии шахс муоинаи тиббӣ тибқи қавонини кишвари вуруд баргузор карда мешавад.

Қарори муҳлат ва гурӯҳи маъюбӣ аз ҷониби комиссияи вижаи дахлдори кишвар қабул шуда, мувофиқи он ҳақии бознишастагии шахс муайян карда мешавад.

Иттиҳоди иқтисодии Уросиё 29 майи соли 2014 дар шаҳри Нурсултон бо қарори кишвардорони Русия, Беларус ва Қазоқистон таъсис ёфт.

Каме баъд ду кишвари дигар, Арманистон ва Қирғизистон ҳам ба иттиҳод пайвастанд. 
 
Имрӯз созмони Иттиҳоди иқтисодии Уросиё ин тақрибан-200 миллион аҳолӣ ва 14 дарсади хушкии заминро дар бар мегирад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий