Ҷонибек дар бораи ҳунари Шабнам, ранҷидан аз Юлдуз, “вискӣ”, Қадам ва филми урён (НАВОР)

Ҷонибек дар бораи ҳунари Шабнам, ранҷидан аз Юлдуз, “вискӣ”, Қадам ва филми урён (НАВОР)

Ҷонибек Муродов, ки ба гуфтаи худаш тайи солҳои охир аз суҳбат бо рӯзноманигорон худдорӣ мекард, бо “Iron King” мусоҳиба анҷом дода, ба бархе суолҳои баҳсбарангез аз ҳаёту эҷодиёташ низ посух додааст

Муродов дар ин суҳбат аз бархе рӯзноманигорон гила кардааст, ки изҳороти ӯро ба таври худ пешниҳод мекарданд ва ин боис шуд, ки ӯ солҳои охир аз суҳбатҳои расонаӣ дар Тоҷикистон худдорӣ кунад.

Овозхони шинохтаи тоҷик дар ин мусоҳибаи беш аз 45-дақиқаӣ, аз паҳлуҳои гуногуни ҳаёту эҷодиёташ нақл кардааст, ки аз ранҷидан аз Юлдуз Усмонова дар рӯзи мавлуд то хатоиҳои давраи ҷавониро дар бар мегирад.



Ӯ аз ҷумла бо таъриф аз ҳунари Шабнами Сурайё, солҳои ҳамкорӣ ва сафарҳои муштаракашонро тавсиф кардааст.

Муродов дар мавриди ҳамкорӣ бо Қадами Қурбон гуфт,  суруди нав омезиши зарби тоҷикии хатлонӣ бо ғарбӣ буда, намоҳанги онро худаш коргардонӣ хоҳад кард.

Дар мавриди ангезаи ҳамкорӣ, Ҷонибек Муродов гуфт, мехоҳад ба ин восита барои пешрафти эҷодию ҳаёти Қадами Қурбон мусоидат кунад, то ӯ дар Душанбе ҳам соҳиби дару хона шавад.

Ҷонибек Муродов инчунин дар ин мусоҳиба иштирокаш дар тӯйҳо, канорагирӣ аз май, “фонограмма”, сабташ дар як филме, ки саҳнаҳои урён дошт ва нақша барои сабти як филми сатҳи ҷаҳонӣ дар бораи падараш - Ҷӯрабек Муродовро шарҳ додааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий