Тоҷикистон Қатарро шикаст дод. Пешсафӣ дар мусобиқаи "Чор миллат"
Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар даври дувуми мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар шаҳри Доҳа бар тими мизбон – Қатар - бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Дар ин бозӣ, ки 18-уми январ дар майдони футболи Академияи «Aspire» баргузор шуд, голи ягонаро Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 37-ум ба самар расонид. Бояд гуфт, ки дар ҳайати ҳарду даста якнафарӣ корти сурх гирифтанд. Дар дақиқаи 61-ум капитани мунтахаби олимпии Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе ва дар дақиқаи 80-ум ҳимоятгари қатариҳо Илёс Аҳмад Алӣ аз майдон хориҷ шуданд.
Дар бозии дигари даври дувум мунтахаби Эрон тими Кувайтро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Ёдовар мешавем, дар даври аввали мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Доҳа мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бар тими Эрон бо ҳисоби 2:1 ва мунтахаби Қатар бар тими Кувайт бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада буданд.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз дар ҷойгоҳи аввал қарор дорад. Тимҳои Эрону Қатар бо сеимтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро касб намудаанд. Мунтахаби Кувайт бидуни имтиёз ҷойи чорумро ишғол кардааст.
Бозиҳои даври охирини мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Доҳа рӯзи душанбе, 21-уми январ, барпо мегардад. Дар ин рӯз мунтахаби Тоҷикистон бо тими Кувайт рақобат мекунад. Бозӣ дар майдони футболи Академияи «Aspire» соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (19:30 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Бозии дигари даври севум миёни тимҳои Қатар ва Эрон соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (21:30 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қатар барои мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти раҳбарии мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев яке аз давраҳои омодагии даста ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад, ки аз 22-юм то 26-уми март дар Тошканд барпо мегардад. Футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (22-юми март), Покистон (24-уми март) ва Узбекистон (26-уми март) рақобат мекунанд.
Мусобиқаи байналмилалии “Чор миллат” дар Доҳаи Қатар
Даври 1-ум
Эрон – Тоҷикистон – 1:2
Голҳо: Воҳид Номдорӣ, 4 (1:0). Эҳсони Панҷшанбе, 39 (1:1). Шериддин Бобоев, 50 (1:2).
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Алишер Баротов, Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷӯрабоев, Кароматулло Саидов, Шарафҷон Солеҳов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Далер Ёдгоров, Эҳсони Панҷшанбе (Амирҷон Сафаров, 87), Шериддин Бобоев.
Сардовар: Абду Ал-Ҳодӣ Ал-Роял (Қатар).
15-уми январ. Доҳа. Майдони Академияи «Aspire». 100 тамошобин.
Қатар – Кувайт – 3:1
Даври 2-юм
Қатар – Тоҷикистон – 0:1
Гол: Шарафҷон Солеҳов, 37.
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Алишер Баротов, Табрези Давлатмир, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷӯрабоев, Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Шервонӣ Мабатшоев, 86), Шарафҷон Солеҳов, Далер Ёдгоров, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев.
Аз майдони хориҷ шуданд: Эҳсони Панҷшанбе (Тоҷикистон), 61 – ахлоқи ғайриварзишӣ, Илёс Аҳмад Алӣ (Қатар), 80 – барои истифодаи нерӯи беандоза муқобили рақиб.
Сардовар: Найиф Ал-Қодирӣ (Қатар).
18-уми январ. Доҳа. Майдони Академияи «Aspire». 100 тамошобин.
Эрон – Кувайт – 5:0
Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1 | Тоҷикистон | 2 | 2 | 0 | 0 | 3-1 | 6 |
2 | Эрон | 2 | 1 | 0 | 1 | 6-2 | 3 |
3 | Қатар | 2 | 1 | 0 | 1 | 3-2 | 3 |
4 | Кувайт | 2 | 0 | 0 | 2 | 1-8 | 0 |
Даври 3-юм
21-уми январ (душанбе)
19:30 – Тоҷикистон – Кувайт
21:30 – Қатар – Эрон
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе
Комментарии (0)