Вазири Эрон: Дар бунёди Роғун ширкат хоҳем кард
Вазири неруи Эрон гуфтааст, ки манобеъи энерҷии Тоҷикистон яке аз бузургтарин дар ҷаҳон аст ва кишвараш дар баҳрабардорӣ аз ин манобеъ, аз ҷумла, дар сохтмони неругоҳи бузурги ин кишвар-Роғун ширкат хоҳад кард.
Ризо Ардакониён, вазири неруи Эрон дар поёни ҷаласаи 13-уми комиссияҳои байнидавлатии иқтисодии Тоҷикистону Эрон дар рӯзи 5 декабр дар шаҳри Теҳрон ба хабарнигорон гуфт, ки таҳримҳои сангини Амрико Эронро водор сохтааст, ки ҳамкориҳояшро бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла бо Тоҷикистон густариш диҳад.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва ҳамраиси Комиссияи байнидавлатии иқтисодии Тоҷикистону Эрон ба навбати худ аз ширкатҳои хусусии Эрон даъват кард, ки дар бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ ва хатҳои интиқоли неруи барқ дар Тоҷикистон ширкат кунанд.
Дар ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии иқтисодии Тоҷикистону Эрон таъкид шуд, ки ин ду кишвар дар заминаи энергетика ҳамкориҳои мутақобилан судманд дошта ва неругоҳи “Сангтӯда-2” намунаи боризи ин ҳамкориҳо маҳсуб мешавад.
Ин неругоҳ бо иқтидори 220 мегаватт дар дарёи Вахш дар ҷануби Тоҷикистон бо сармояи 200 миллион долларии Эрон сохта шуда ва ҳоло ба системаи ягонаи энергетикии Тоҷикистон неруи барқ ворид мекунад.
Дар ин нишаст масоили марбут ба ҳамкориҳо дар бахши бонкӣ, мусоидат ба фаъолияти сармоягузорони эронӣ барои анҷоми сохтмони тунели “Истиқлол” ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои маорифу фарҳанг матраҳ шуданд.
“Ду соле қабл, дар ҷаласаи 12-уми ин комиссия ҷонибҳо ба тавофуқоти зиёде даст ёфта буданд, аммо тирагӣ дар равобити Тоҷикистону Эрон ба иҷрои онҳо монеъ гардид”-гуфтааст Ризо Ардакониён, вазири неруи Эрон.
Вазири неруи Эрон ибрози умедворӣ кардааст, ки сафари қарибулвуқӯъи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Эрон ба беҳбуди равобит ва тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ баёни ин ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Комментарии (0)